Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Русия сафари расмӣ менамояд

Сентябрь 5, 2022 12:30

ДУШАНБЕ, 05.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 сентябр Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Русия баргузор мегардад, ки дар ҷараёни он бо ҳамтои русиягиаш мулоқоти дуҷониба барпо мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ аз Москва хабар дод.

«Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими дуҷониба, аз ҷумла фарҳангӣ-гуманитарӣ, муҳоҷират, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, амният, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард», — гуфт Шоҳин Самадӣ.

Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Федератсияи Русия бо маросими гулгузорӣ дар назди оромгоҳи сарбози номаълум оғоз ёфт.

АКС: АМИТ «Ховар»/ВКХ ҶТ

Сентябрь 5, 2022 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд