1 ноябр дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз гардида, то 10 ноябр идома меёбад. Дар ин бора дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Зикр шуд, ки чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон ба муддати даҳ рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.
Давоми даҳ рӯзи таътил хонандагон метавонанд аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ, ки аз 299 номгӯй барои хониши беруназсинфии талабагон тартиб дода шудааст, истифода намоянд.
Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ин муддат ба корҳои методӣ, омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол», гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.
Дар ин муддат даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он иштирок менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола зимни таътили зимистона гузаронида мешавад. Он аз моҳи ноябр миёни мактаббачагон гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар таътили тирамоҳӣ хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ ҷалб намояд.
Бояд тазаккур дод, ки давоми сол сатҳу сифати дониши хонандагон дар охири ҳар чоряк ҷамъбаст гардида, дар шӯроҳои омӯзгорӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар муассисаҳои таълимӣ барои хонандагон таътил чунин муқаррар карда мешавад:
-таътили тирамоҳӣ: 10 рӯз (аз 1 то 10 ноябр)
-таътили зимистона: 10 рӯз (аз 1 то 10 январ)
-таътили баҳорӣ: 7 рӯз (аз 25 то 31 март)
-таътили тобистона, ки пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома меёбад.
Машғулият барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасанд. Дар мавридҳои зарурӣ тағйир додани вақту муҳлати таътил танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф сурат мегирад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






