ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар анбори Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар Бадахшон миқдори кофии маҳсулоти мавриди ниёзи аввал захира шудааст
ХОРУҒ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти муназзам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳо 2022-2023» миқдори муайяни маводи озуқавориро дар анборхонаҳо ва 34 нуқтаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ захира намудааст, иттилоъ додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Дар баробари сохторҳои марбутаи таъмини бозорҳои қаламрави вилоят бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал корхонаи истеҳсоли орд низ дар таъмини талаботи бозори истеъмолӣ бо орд ва захира барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 фаъолияти назаррас дорад. Иқтидори коркарди корхонаи истеҳсоли орд дар ноҳияи Шуғнон то 50 тонна гандум дар як шабонарӯз буда, дар айни замон дар иншооти саноатӣ бештар аз 30 нафар фаъолият доранд. Роҳбарияти корхона тибқи талабот барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 орди баландсифат захира менамояд.
Намояндаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон Сафаршо Саидшоев гуфт, ки “ҳоло аксари намудҳои ғизои мавриди ниёзи аввал, ба шумули орд, шакар, равған ба 34 нуқтаи фурӯш интиқол дода шуда, харидорон ин маводро бо нархи нисбат ба бозор арзонтар дастрас менамоянд. Яке аз маводе, ки талабот нисбат ба он хеле зиёд мебошад, орд аст. Инро ба назар гирифта, соли 2015 бо дастури Пешвои миллат дар деҳаи Сучони ноҳияи Шуғнон корхонаи коркарди орд сохта шуд. Дар айни замон дар корхона 30 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият дошта, дар як шабонарӯз 50 тонна орди хушсифат истеҳсол мешавад”.
Барои мавсими имсолаи тирамоҳу зимистон корхона дар анборхона 5 ҳазор тонна орд захира мекунад. Зеро дар фасли сармо дар ин минтақа ҳар гуна офатҳои табиӣ рух дода, боиси қатъ гардидани ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе- Хоруғ ва водиҳои дурдасти вилоят мегарданд. Бинобар ин Агентии давлатии захираҳои моддӣ дар деҳоти дурдасти ноҳияи Муроғоб 8 нуқтаи фурӯш, дар ноҳияи Ишкошим 6 нуқта, Ванҷ- 4 нуқта ва Рӯшон- 9 нуқтаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум кушодааст, ки сокинони ин ноҳияҳо дар вақтҳои зарурӣ аз ин ҷо маҳсулоти дилхоҳи худро дастрас менамоянд.
Дар анборхонаҳои ин агентӣ миқдори муайяни маводи сӯзишворӣ низ захира гардида, интиқоли он ба мавзеъҳои дурдаст идома дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад






