Антониу Гутерриш дар Конфронси байналмилалии мубориза бо терроризм дар Душанбе чолишҳо дар марзҳо ва ҷиноятҳои созмонёфтаро таҳдид ба ҷаҳони муосир номид

Октябрь 18, 2022 15:15

ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Дар асоси Оинномаи СММ вазифаи мо он аст, ки таҳаммулпазирӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягиро дар  таъмини амнияти сарҳад, ҳуқуқи инсон, убуркунандагони сарҳадҳо ва муҳоҷирон ба роҳ монем», — гуфт имрӯз дар паёми видеоии худ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш.

Ба гуфтаи Антониу Гутерриш, чолишҳо дар марзҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои созмонёфта таҳдид ба ҷаҳони муосир мебошанд.

«СММ ва дигар ташкилот роҳҳои ҳалли муштараки ҳамоҳангшуда пешниҳод мекунанд. Ин аз мо талаб мекунад, ки ба таври дастҷамъона назар ва сабабҳои аслию дигар омилҳои тундгароиро дарк кунем. Созмони Милали Муттаҳид уҳдадор аст, ки зимни ҳамкории бевосита ва якҷоя барои сулҳ, рушди устувор ва ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он фаъолият барад», — илова намуд Дабири кулли СММ.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 18, 2022 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад