АҲСАНТ! Темур Раҳимов дар мусобиқаи Гранд Слами Абузабӣ медали биринҷӣ ба даст овард
ДУШАНБЕ, 24.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи Гранд Слами Абузабӣ (АМА) медали биринҷӣ ба даст овард. Мусобиқаи мазкур 21-23 октябр бо иштироки 414 нафар варзишгарон (239 мард, 175 зан) аз 65 давлат баргузор шуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Темур дар вазни +100кг рақобатро аз ҳаштякфинал шурӯъ карда, бар варзишгари Узбекистон Бекмурод Олтибоев, дар чорякфинал бар намояндаи Озарбойҷон Ҷамол Ғамзатхонов пирӯз гардид, вале дар нимфинал аз варзишгари Чех Лукас Крпалек, ки медали тиллои ин вазнро ба даст овард, шикаст хӯрд. Темур сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Мариус Физел аз Словакияро мағлуб намуд. Дар ин вазн медали нуқра насиби Ҷур Спикерс аз Нидерланд, медали дигари биринҷӣ насиби Иней Маринич аз Словения гардид.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба намуди гӯштини дзюдо иборат аз 10 нафар – 2 зан, 8 мард дар ин мусобиқаи сатҳи баланд ширкат карданд. Дар вазни -90кг ду варзишгари мо натиҷаи беҳтар нишон доданд – Ҷаҳонгир Маҷидов ҷои панҷум, Комроншоҳ Устопириён ҷои ҳафтумро гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки ин сеюмин медали Темур Раҳимов дар мусобиқаҳои Гранд Слам дар соли 2022 мебошад. Ӯ дар Гранд Слами Телавив ва Гранд Слами Анталия низ медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ҳамчунин имсол дар Чемпионати ҷаҳонии дзюдо ҷои панҷум, дар Чемпионати Осиё ҷои дуюмро сазовор гардид ва дар зинаи аввали радабандии ҷаҳонӣ мавқеъ гирифт.
Мавриди зикр аст, ки сайри ҷаҳонии гӯштини дзюдо соли 2022 бо Гранд Слами Боку (4-6 ноябр), Гранд Слами Токио (3-4 декабр) ва мусобиқаҳои ситораҳои дзюдо дар Байтулмуқаддас (20-22 декабр) ба анҷом мерасад.
АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






