ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маънӣ ва суханрониҳои сиёсӣ дар радифи мазмуну муҳтавои мустақим як мантиқи амиқи дигар низ доранд. Агар мазмуну муҳтавои ошкорро рақамҳо, далелҳо, дастовардҳо, масъалагузориҳо ва супоришҳо ташкил диҳанд, паҳлуи дигари мантиқии суханронӣ нишон медиҳад, ки давлат ба кадом самт ҳаракат кардан мехоҳад, барои расидан ба фардои дилхоҳ кадом захира ва неруро ҳалкунанда мешуморад. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз ҳамин зовия аҳаммияти хос дошта, дар он маориф танҳо ба ҳайси як соҳаи алоҳидаи иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Аз оғоз то анҷоми суханронӣ як андешаи меҳварӣ пайгирӣ мешавад: дурнамои ояндаи Тоҷикистон аз камолоти инсоне вобаста аст, ки имрӯз дар мактаб тарбия меёбад. Ва ин ҳикмат тасодуфӣ нест.
Роҳи тайшудаи Тоҷикистон дар 35-соли Истиқлоли давлатӣ барои муайян намудани стратегияи оянда арзишманд мебошад. Агар се даҳсолаи аввали соҳибистиқлолиро то андозае давраи барқарорсозӣ, бунёдкорӣ, ташкили инфрасохтор, фароҳам овардани замина ва имконияти таҳсил биномем, марҳалаи нав бояд давраи гузариш аз «доштани имконият» ба «самаранок истифода бурдани имконият» бошад. Маҳз ҳамин гузариш аз нишондиҳандаи миқдорӣ ба сифат яке аз муҳимтарин паёмҳои суханронист.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар соҳаи маориф роҳи азимеро тай кардааст. Бунёди 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ва маблағгузории 8,4 миллиард сомонӣ худ гувоҳ аст, ки масъалаи инфрасохтори маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат чӣ ҷойгоҳе дорад. Ҳамзамон аз буҷети давлатӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 70 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 10 миллиард сомонӣ ба соҳа равона гардидааст. Аммо аҳаммияти суханронии Президент дар ин радиф дар он зоҳир гардидааст, ки пас аз зикри ин дастовардҳо талабот ва арзишҳои наву олӣ пешниҳод мегарданд: акнун бояд натиҷаи иҷтимоӣ ва зеҳнии ин сармоягузориҳо бештар эҳсос гардад.
Ба ибораи дигар, бинои мактаб худ ҳадафи ниҳоӣ нест. Бино восита ва макони таълиму тарбия аст. Ҳадаф тарбияи инсони бомаърифат аст.
Ин тағйири нуқтаи назар барои сиёсати маориф бисёр муҳим мебошад. Солҳо пеш мушкили асосӣ метавонад набудани синфхона, ҷойи нишаст, китоб ё омӯзгор бошад. Имрӯз, дар баробари ҳалли чунин масъалаҳо саволи мураккабтар пеш меояд: хонанда пас аз ёздаҳ соли таҳсил ба кадом сатҳи илму дониш расидааст ва то кадом андоза мустақилияти фикру андеша дорад? Оё донишҷӯ пас аз хатми донишгоҳ танҳо диплом мегирад ё воқеан соҳиби касб мешавад?
Таъкиди Сарвари давлат, ки «ба мо, пеш аз ҳама, мутахассис зарур аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом аст», бояд ҳамчун яке аз муҳимтарин меъёрҳои марҳалаи нави сиёсати таҳсилоти касбӣ қабул карда шавад. Ин андеша масъалаи хеле бузургро фаро гирифтааст: рейтинги арзиши таҳсилоти кишварро дигар танҳо шумораи муассиса, донишҷӯ ва диплом муайян карда наметавонад. Арзиши воқеии таҳсилотро қобилияти хатмкунанда барои ҳалли масъалаҳои зиндагӣ, истеҳсолот, иқтисод, илм ва ҷомеа муайян мекунад.
Аз ҳамин ҷо зарурати бознигарии мафҳуми «сифати таҳсилот» ба миён меояд. Сифат набояд танҳо ба натиҷаи имтиҳон ё фоизи азхудкунӣ баробар дониста шавад. Аз ин рӯ, дар марҳалаи нав зарур аст, ки сифати таҳсил бештар аз рӯйи саводнокии функсионалӣ, тафаккури интиқодӣ, қобилияти ҳалли масъала, фарҳанги муошират, малакаи истифодаи технология ва сатҳи мустақилияти фикрии хонанда арзёбӣ гардад. Ба ибораи дигар, ба бозори меҳнат роҳ ёфтан ва рақобатпазирии мутахассис дар арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти касбии мамлакат меъёри асосӣ мебошад.
Аз масъалаҳои дигари хеле муҳим дар суханронӣ сифати китобҳои дарсӣ мебошад. Таъмини муассисаҳо бо китоб дастоварди муҳим аст. Вале таъкиди Президенти Тоҷикистон дар бораи гузаштан аз масъалаи норасоии китоб ба масъалаи сифати китоб нишон медиҳад, ки сиёсати китобҳои дарсӣ низ бояд ба марҳалаи нав ворид шавад.
Китоби дарсии асри XXI набояд танҳо маҷмуи маълумот бошад. Дар замоне, ки хонанда метавонад дар чанд сония ҳазорон саҳифа иттилоот пайдо кунад, вазифаи китоб дигар шудааст. Китоб бояд ба хонанда тарзи фикр кардан, таҳлил намудан ва хулоса бароварданро омӯзонад. Савол диҳад, ӯро ба ҷустуҷӯ ҳидоят созад, байни дониш ва воқеият робита барқарор созад, таҷриба ва таҳлилро талаб намояд. Бинобар ин, дар баробари арзёбии илмӣ ва методии китобҳои дарсӣ таъсиси низоми озмоиши пешакии онҳо дар муассисаҳои таълимӣ низ метавонад самарабахш бошад. Китоби нав қабл аз нашри оммавӣ як соли таҳсил дар гурӯҳи муайяни муассисаҳо санҷида шавад ва назари омӯзгор, хонанда, методист ва мутахассис баъдан дар таҳрири ниҳоии он ба ҳисоб гирифта шавад.
Ин пешниҳод бо як андешаи муҳимми дигари суханронӣ низ ҳамоҳанг аст: ҳар таҷрибаи байналмилалӣ ё навгонии дигаре пеш аз татбиқи умумӣ бояд озмоиш, таҳлил ва ба шароити Тоҷикистон мутобиқ карда шавад. Ин масъала барои маорифи миллӣ аҳаммияти стратегӣ дорад. Ҷаҳонишавӣ имконияти истифода аз таҷрибаи пешрафтаро фароҳам овардааст, аммо таҷрибаи хориҷӣ танҳо вақте самар медиҳад, ки ба муҳити иҷтимоӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеаи қабулкунанда мутобиқ карда шавад. Мо бояд аз ҷаҳон омӯзем, аммо низоми маориферо бисозем, ки симо ва мазмуни миллии худро дошта бошад.
Дар ҳамин замина, вазифаи Академияи таҳсилот, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва донишгоҳҳои омӯзгорӣ бояд таҷдиди назар шавад. Муҳимтар аз ҳама, ин муассисаҳо бояд ба «озмоишгоҳҳои фикрии маориф» табдил ёбанд. Ҳар мушкили мактаб – аз сифати таҳсилот то усули таълими фанҳо, аз мушкилоти мутолиа то таъсири телефон ба кӯдак таъсири ҷаҳонишаваӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ бояд мавзуи таҳқиқоти воқеии педагогиву психологӣ гардад. Сиёсати маориф ҳар қадар бештар ба таҳқиқоти илмӣ такя кунад, эҳтимоли қабули қарорҳои муассир ҳамон андоза зиёд мешавад.
Яке аз андешаҳои тозатарини суханронии имсола масъалаи муносибати кӯдакону наврасон бо телефонҳои ҳушманд, шабакаҳои иҷтимоӣ ва зеҳни сунъӣ мебошад. Ин масъала ба тарбия, равоншиносӣ, фарҳанг, амнияти иттилоотӣ ва ҳатто ба ояндаи қобилияти фикрии насл иртибот дорад.
Маҳдудияти истифодаи телефон шояд қисме аз мушкилро ҳал кунад, аммо ҳалли тамоми масъала нест. Кӯдаке, ки имрӯз телефонро аз дасташ мегирем, фардо дубора ба фазои рақамӣ ворид мешавад. Аз ин рӯ, роҳи муфиду устувортар ташаккули фарҳанги истифодаи технологияи рақамӣ аст. Хонанда бояд донад, ки технологияро кай, барои чӣ ва чӣ қадар истифода барад, хабарро чӣ гуна санҷад, маълумоти шахсии худро чӣ гуна ҳифз кунад, иттилооти дурӯғро аз воқеӣ фарқ намояд, аз зеҳни сунъӣ барои омӯзиш истифода барад, аммо қобилияти мустақилона фикр карданашро ба он насупорад.
Шояд вақти он расидааст, ки барои муассисаҳои таълимии Тоҷикистон консепсияи ягонаи «Фарҳанги рақамии хонанда» таҳия гардад. Он метавонад аз муассисаҳои томактабӣ оғоз шуда, вобаста ба синну сол масъалаҳои одоби истифодаи интернет, амнияти рақамӣ, тафтиши манбаъ, дарки арзишҳои милливу бегона, ҳифзи маълумоти шахсӣ, муқовимат ба хабарҳои бардурӯғ ва истифодаи дурусти зеҳни сунъиро фаро гирад. Дар баробари ин, омӯзгор ва падару модар низ бояд ба омӯзишҳо ҷалб шаванд. Мо аз кӯдак истифодаи дурусти технологияҳои иттилоотиро талаб карда наметавонем, агар калонсолон худ намунаи истифодаи дурусти онро нишон надиҳанд.
Зеҳни сунъӣ дар ин миён масъалаи боз ҳам ҷиддитар аст. Агар хонанда барои ҳар масъала, иншо, тарҷума ё ҷавоби вазифаи хонагӣ пурра ба зеҳни сунъӣ такя кунад, технология метавонад ба ҷойи рушди тафаккур онро заиф созад. Аммо агар омӯзгор ба хонанда омӯзонад, ки аз он барои муқоисаи маълумот, ҷустуҷӯи идея, таҳлили масъала, омӯзиши забон ва санҷиши фарзия истифода барад, технология ба воситаи рушди зеҳни хонанда табдил меёбад. Пас, вазифаи мо-омӯзгорон мубориза бо технология нест, балки тарбияи инсоне мебошад, ки технологияро идора мекунад, на инсоне, ки технология ӯро идора намояд.
Масъалаи дигари калидии суханронӣ интихоби касб аст. Ин масъала то имрӯз бештар дар синфҳои болоӣ матраҳ мешуд, ҳол он ки шинохти қобилияти кӯдак бояд хеле барвақт оғоз гардад. Яке ба ҳисоб шавқ дорад, дигаре ба сухан, савумӣ ба техника, чорумӣ ба рассомӣ ва панҷумӣ ба варзиш ва ғайра. Вазифаи мактаб яксон кардани онҳо нест, балки кашф кардани ҳамин фарқиятҳост.
Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон метавон низоми миллии роҳнамоии касбиро тадриҷан аз қолаби чорабиниҳои нақшавии мавсимӣ ба низоми доимии мушоҳида ва ташхиси қобилият табдил дод. Барои ҳар хонанда аз зинаҳои муайяни таҳсил «харитаи рушди қобилият» тартиб дода шавад, ки дар он майлу рағбат, дастовард, қобилият ва пешрафти ӯ инъикос ёбад. Равоншиноси мактаб, роҳбари синф, омӯзгор ва падару модар дар асоси ҳамин мушоҳидаҳо метавонанд ба наврас барои интихоби дурусти роҳи оянда кумак намоянд.
Ин иқдом боз як натиҷаи муҳим дорад: муносибати ҷомеаро ба таҳсилоти касбӣ тағйир медиҳад. Дар суханронӣ таъкид шудани рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва афзоиши касбу ихтисосҳо аз 230 то 730 номгӯй нишон медиҳад, ки иқтисоди миллӣ ба навъи нави кадрҳо ба мисли барномасозу муҳандис, технику технолог, электрику механик, сохтмончии соҳибтахассус, дизайнеру меъмор, мутахассиси энергетика, кишоварзии муосир ва садҳо касби дигар ниёз дорад.
Барои ҳамин бояд обрӯи иҷтимоии андешаи «соҳиби ҳунар будан» баланд бардошта шавад. Ҷавон бояд эҳсос кунад, ки муваффақият танҳо соҳиби дипломи донишгоҳ шудан нест.
Дар баробари ҳамаи ин масъалаҳо дар маркази суханронии Президенти Тоҷикистон боз ҳам омӯзгор қарор дорад. Ин мантиқ комилан табиӣ аст. Метавон беҳтарин мактабро сохт, китобҳои замонавӣ нашр кард, синфхонаро бо технология таъмин намуд ва барномаҳои нав қабул кард, вале дар ниҳоят сифати ҳамаи онҳо ба натиҷаи ниҳоӣ дар синф аз омӯзгор вобаста мешавад.
Аз ин рӯ, марҳалаи нави рушди маориф бояд марҳалаи рушди касбии омӯзгор низ бошад. Такмили ихтисос бояд дар ҷараёни дарс эҳсос шавад. Омӯзгор пас аз курс бо усули нав, маводи нав ва малакаи нав ба мактаб баргардад. Барои ин зарур аст, ки низоми такмили ихтисос бештар амалӣ, фаннӣ, мувофиқ ба талаботи замон ва ба мушкилоти воқеии омӯзгор нигаронида шавад.
Ҳатто метавон механизми «омӯзгор аз омӯзгор меомӯзад»-ро густариш дод: беҳтарин омӯзгорони ҳар фан дар шаҳру ноҳияҳо ҳамчун омӯзгорони роҳнамо интихоб шуда, дарсҳои намунавӣ, машваратҳои касбӣ ва гурӯҳҳои омӯзишии доимӣ ташкил кунанд. Таҷрибаи беҳтарин бояд аз як синфхона берун баромада, ба сарвати умумии низоми миллии маориф табдил ёбад.
Дар суханронӣ тарбия низ на дар канори таълим, балки ҳамчун қисми табиии он баррасӣ мешавад. Ин нуқта дар шароити имрӯз аҳаммияти фавқулода дорад. Ҷомеа метавонад мутахассиси хеле донишманд тарбия кунад, аммо агар ӯ масъулият, виҷдон, эҳтиром ба қонун, ба инсон, муҳаббат ба Ватан надошта бошад, дониши ӯ ҳатман ба манфиати ҷомеа хизмат намекунад.
Аз ин рӯ, мактаби муосири тоҷик бояд ду вазифаро дар ҳамбастагӣ иҷро кунад: донишро сайқал диҳад ва дар тарбия масъулият эҳсос намояд.
Шояд ҳамин ҷо робитаи амиқи Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ низ ошкор мешавад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ фарҳанг аст. Он аз тарзи гуфтугӯи инсон бо инсон, эҳтиром ба андешаи дигар, таҳаммул, масъулият ва қобилияти ҳалли ихтилоф бе хушунат оғоз мешавад. Пас, сулҳро низ бояд омӯзонд. Агар мактаб насли таҳаммулгаро, донишманд ва масъул тарбия кунад, он дар асл пояҳои сулҳи дарозмуддатро бунёд менамояд.
Дар ҳамин замина, зикри ташаббуси Тоҷикистон вобаста ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар суханронии Рӯзи дониш маънои рамзӣ дорад. Сиёсати сулҳҷӯёнаи давлат дар сатҳи байналмилалӣ ва тарбияи фарҳанги сулҳ дар дохили мактаб ду ҷузъи як андешаанд: сулҳи ҷаҳон дар ниҳоят аз ҷаҳонбинии инсон оғоз мешавад.
Суханронии имсолаи Рӯзи донишро аз ҳамин лиҳоз метавон ҳамчун гузариш ба марҳалаи нави сиёсати маориф арзёбӣ кард. Давлат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои маориф заминаи бузурги моддӣ фароҳам овард. Ҳоло вазифаи асосӣ аз он иборат аст, ки ин имкониятҳо ба сифати нави инсон табдил дода шаванд.
Мактаби нав сохтан кори бузург аст, аммо аз он бузургтар сохтани тафаккури нав дар дохили ҳамин мактаб мебошад. Китоб чоп кардан зарур аст, аммо аз он муҳимтар тарбия кардани хонандаест, ки китобро мефаҳмад, таҳлил мекунад ва аз он хулоса мебарорад. Ҷорӣ намудани технология пешрафт аст, аммо пешрафти воқеӣ замоне оғоз мешавад, ки хонанда технологияро барои офаридан истифода мекунад. Донишгоҳ хатм кардан дастовард аст, аммо дастоварди давлат замоне мебошад, ки шахси соҳибдиплом соҳиби касб низ бошад. Ва ниҳоят, донишманд шудани насл муҳим аст, вале барои давлат аз он ҳам муҳимтар ин аст, ки ин дониш бо ахлоқ, масъулият ва ватандӯстӣ ҳамроҳ гардад.
Аз ҳамин нуқтаи назар, шояд барои солҳои минбаъда зарур бошад, ки дар баробари нишондиҳандаҳои анъанавии соҳа як нишондиҳандаи муҳим дар маркази сиёсати маориф қарор дода шавад: мактаб ба ҷомеа чӣ гуна инсон медиҳад? Ҷавоби воқеӣ ба ин савол сифати маорифи моро муайян хоҳад кард.
Зеро дар ҷаҳони рақобати дониш, технология ва зеҳни сунъӣ сарнавишти давлатҳоро танҳо захираҳои зеризаминӣ муайян намекунанд. Оянда бештар ба миллатҳое тааллуқ мегирад, ки тавонистаанд захираи бузургтарини худ – инсонро кашф кунанд, омӯзонанд, тарбия намоянд ва барои офаридани фардои худ омода созанд. Ва боз ҳам андешаҳои хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон таъкиди ҳамин мавзуъ мебошад: “Ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаи муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам”.
Агар 35 соли нахустини Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон давраи бунёди давлат, таҳкими сулҳ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва фароҳам овардани зербинои рушди устувор бошад, даҳсолаҳои минбаъда бояд давраи бунёди сармояи зеҳнии миллат гарданд.
Ва ин сохтмони бузург аз муассисаи таълимӣ оғоз мешавад. Амиқан, аз кӯдаке оғоз мешавад, ки имрӯз бори аввал ба мактаб қадам мегузорад. Зеро Тоҷикистоне, ки мо баъди бист ё сӣ сол хоҳем дошт, имрӯз дар паси мизҳои мактабӣ нишастааст.
Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА,
академик








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд






