Ҳайати Тоҷикистон дар Нишасти 15-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» иштирок намуд

Октябрь 26, 2022 08:15

ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар шаҳри Бусан Нишасти 15-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суханронӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон дидгоҳи кишварро роҷеъ ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, таҳкими ҳамкорӣ ва рушди устувор дар ҳошияи ин абзори муассир баён намуд.

Равобити ҳасана бо Ҷумҳурии Корея, инчунин густариш ва таҳкими мушорикат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун василаи муҳими тақвияти равобити бисёрҷониба таъкид карда шуд.

Дар ҳошияи Форуми ҳамкорӣ панҷ ҷаласаи тахассусӣ дар бахшҳои тандурустӣ, ҳамкории рақамӣ, амнияти иқтисодӣ, сайёҳӣ, муҳити зист ва энергетика дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардиданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш оид ба масоили мубрами рӯзномаи нишаст, рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ ва Нақшаи кории Котиботи Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” барои соли 2023 қабул гардид.

Акс: ВКХ ҶТ

 

Октябрь 26, 2022 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд