АРМУҒОНИ ШОИСТАИ ИДОНА. Китоб бо номи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни тоҷикон» бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ба табъ расид

Октябрь 5, 2022 10:15

ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии фаъолияти сиёсиву давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоб бо номи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни тоҷикон» бо ду забон- тоҷикӣ ва русӣ бо  теъдоди 500 нусха дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд  интишор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар бештар аз чиҳил мақолаи олимону адибон, сиёсатмадорону сиёсатшиносони ватаниву хориҷӣ доир ба фаъолияти густурдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши  таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  таърихи навини тоҷикон сухан рафтааст.

Муаллифони мақолаҳо дар нигоштаҳои худ самтҳои фаъолияти Пешвои миллатро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода,  дар асоси мисолҳои мушаххаси таърихиву илмӣ  нақши Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди тамаддуни тоҷикон баён кардаанд.Асар идомаи силсилакитобҳоест, ки қаблан бо номи «Тулӯи ҳақиқат» ва «Китоб-сарчашмаи маърифат» интишор ёфта буданд.

Китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни тоҷикон» бо ибтикор ва эҳтимоми Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар нашр гардида, мураттиб ва веростори он адабиётшинос Саидумрон Саидов мебошад.

Он ҳадяи арзандаи идона ба ҷашнҳои бузурги милливу давлатӣ мебошад.

                                                         АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2022 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд