Ҷавонони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон меҳмони шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ гардиданд

Октябрь 24, 2022 15:52

СУҒД, 24.10.2022 АМИТ /«Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, сафари гурӯҳи ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!» дар вилояти Суғд ҷараён дошта, 21октябр, дар рӯзи дуюми он ҷавонон ба шаҳри бостонии Хуҷанд рафтанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр таҳти садои карнаю сурнай муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯзахон Нуруллозода ва роҳбарияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд пешвоз гирифтанд.

Гурӯҳи меҳмонон ба сӯи Осорхонаи вилояти Суғд равон шуданд. Онҳоро дар фазои идона бо нону намак як гурӯҳ ҷавонони вилояти Суғд хуш истиқбол намуданд.

Сипас меҳмонон аз «Осорхонаи таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дидан намуданд. Директори осорхона Иброҳим Иброҳимов ба онҳо аз таърихи пайдоиши осорхона маълумоти мухтасар дод.

Бояд зикр кард, ки аксарияти ҷавонони минтақаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ, ки бори аввал ба вилояти Суғд омада буданд, аз зебоиҳои шаҳри Хуҷанд ба ваҷд омада, аз дастовардҳои соҳибистиқлолии мамлакат шукргузорӣ намуданд.

Зимни суҳбат ҷавондухтари рӯшонӣ Охирмоҳ Шакармамадова, ки касби омӯзгориро пеша кардааст, иброз дошт, ки «бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал аст ба вилояти Суғд меоям. Хеле хурсандам, ки дар ин ҷо бо ҷавонони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон шиносоӣ пайдо карда, минбаъд чунин робитаҳои дӯстиро идома хоҳам дод. Баъди бозгашт ба диёри худ бо таассуроти калон ба дӯстону наздиконам тавсия медиҳам, ки ҳатман барои тамошо ва сайру гашт ба вилояти Суғд- ба ин диёри меҳмоннавозу биҳишосо раванд».

Ба ибрози мудири бахши ҷавонони ноҳияи Ванҷ Аслиддин Бачабеков, «Cарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии ҷумҳурӣ, таъмини шароит, аз ҷумла насли ҷавони ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд. Аз ин рӯ мо, ҷавононро мебояд ба қадри ин дастовардҳо бирасем».

Меҳмонон аз Маркази ҷавонон- «Қасри Лоиқ Шералӣ» боздид намуданд. Дар толори ин марказ Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ» бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амир Иброҳимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ва иштирокчиёни бевоситаи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каромулло Олимов баргузор шуд.

Доир ба Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд, ки воқеан он анҷумани тақдирсози миллат буда, роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Маҳз ин фард ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузоштанд.

Ҳамин эҳсоси баланди худшиносии миллии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷумҳурии мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амир Иброҳимзода аз дастовардҳои ҷавонон дар муддати 31 соли даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, ҷавонони ҷумҳуриро ба қавитар гардонидани робитаҳои дӯстӣ ва рафоқат даъват намуд.

Сипас меҳмонон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтанд. Дар даромадгоҳи ноҳияи Б.Ғафуров ҷавонони минтақаҳои ҷумҳуриро роҳбарият ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зери садои карнаю доира гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Меҳмонон аз мавзеи Қасри Арбоб, ки Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он баргузор гардида буд, дидан намуда, аз он таассуроти калон бароштанд. Барномаи консертӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» баргузор шуд, ки меҳмонон рақсу сурдхонӣ намуданд.

22 октябр, дар рӯзи сеюми сафар гурӯҳи ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ноҳияи Мастчоҳ рафтанд.

Меҳмононро ҳайати расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо роҳбарии муовини раиси ноҳия Зайнура Умарзода дар назди Муҷассамаи рамзии «Пахтаи шукуфон» бо нону намак истиқбол гирифт. Меҳмонон ба тамошои боғи фарҳангию фароғатии ноҳия рафта, аксҳои хотиравӣ гирифтанд.

Ҳамчунин меҳмонон дар тамошои мусобиқаи футболи хурд бахшида ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи тақдирсозӣ 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни дастаҳои «Ориёнбонк» ва «Барқ»-и ноҳия иштирок намуданд.

Дар идомаи сафар ҷавонон дар ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат- раҳнамои ҷавонон ба сӯи ояндаи дурахшон», ки дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки Раиси ноҳия Аъзам Ализода баргузор шуд, ширкат варзиданд. Дар ҳамоиш зиёда аз 1000 нафар ҷавонону фаъолони ноҳия ва 120 нафар ҷавонони манотиқи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг барои меҳмонон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ороста шуд, ки ҷавонон аз тамошои он таассуроти нек бардоштанд.

Сипас дар маҷлисгоҳи Қасри фарҳанг Раиси ноҳия Аъзам Ализода гуфт, ки ҳамоиши мазкур беҳтарин иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аъзам Ализода ташкили чунин фестивалро, ки «Дӯст ояд гарм дар оғуш гир» унвон гирифтааст, саривақтӣ ҳисобида, ин иқдоми некро бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ҳисобид. Мақсади ин фестивал- шиносоӣ пайдо кардан бо фарҳангу оинҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ ва самимияту дӯстӣ коштан дар замири ҷавонону муттаҳид кардани онҳо мебошад.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амир Иброҳимзода оид ба дастовардҳои ҷавонон ва рушду нумӯи он дар 31 соли Истиқлолият сухан гуфт.

Дар идома бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳ собиқадорони соҳаи варзиш аз ҷониби роҳбарият туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Дар ҳамоиш барои меҳмонон барномаи консертӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» баргузор шуд.

23 октябр ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ бо таассуроти калон ва рӯҳи болида ба зодгоҳашон баргаштанд.

Саъдулло МАҲКАМОВ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 24, 2022 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Имсол зиёда аз 120 ҳазор нафар дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд
Соли равон зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нахустин маротиба Фестивали либосҳои миллиро баргузор менамояд
Шоҳрух Юнусов аз Тоҷикистон дар консерти ҷамъбастии солистони Академияи байналмилалии операи назди Театри «Остона Опера» ҳунарнамоӣ кард
Дар Москва бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино ҳамоиш доир мешавад
Дар Душанбе маҳфили адабӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло баргузор шуд
Теъдоди довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол меафзояд
Дар Тоҷикистон 66 Қасри фарҳанг барои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият дорад
«Телевизиони Сафина» соли 2024 силсилабарномаҳои «Достон» ва «Шоҳномахонӣ»-ро пешниҳоди бинандагон мегардонад
Кумитаи телевизион ва радио: «Имсол аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт гардид»
Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи телевизион ва радио оғоз шудааст