БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз зеристгоҳи 110-киловолтаи «Хонақоҳ» то шаҳраки Ҳисор хати нави 10-киловолтаи барқ васл карда шуд

Октябрь 7, 2022 10:50

ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор аз зеристгоҳи 110-киловолтаи  «Хонақоҳ» то маркази шаҳраки Ҳисор хати нави 10-киловолтаи барқ васл карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор  иттилоъ доданд. 

Зеристгоҳи   «Хонақоҳ» дар доираи таҷлили 3000-солагии Ҳисор бо ҳидояти Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 мавриди истифода қарор гирифта буд.

Зеристгоҳи амалкунандаи барқи «Ҳисор» соли 1968 бунёд гардида, барои пайваст намудани 40 адад трансформатори барқӣ дар 4 чашмак пешбинӣ шуда бошад ҳам, имрӯз ба он 95 адад трансформатор насб   гардидааст, ки бо сарбории зиёд дар фасли тирамоҳу зимистон боиси садамаҳои зиёд ва тез-тез хомӯш гардидани неруи барқ дар шаҳрак мегардид.

Бо назардошти ҳамин мушкилӣ Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар 23 июни соли равон бо соҳибкорону сохтмончиёни муваффақи шаҳр мулоқот карда, роҳи ҳалли мушкилотро дар кашидани хати нави барқ ба маркази шаҳрак арзёбӣ намуд. Ҳамзамон даъват ба амал овард, ки бо дастгирии соҳибкорону сохтмончиён метавон то дараҷае сатҳи дастрасӣ ба барқи хушсифатро беҳтар ва талафоти онро коҳиш дод. Пешниҳод аз ҷониби иштирокчиёни мулоқот, ҳамчунин роҳбарияти шабакаҳои барқи марказӣ дастгирӣ ёфта, бо харҷи 495 ҳазор сомонӣ ба масофаи 4,5 километр хати нави барқи 10-киловолта кашида шуд.


Сардори идораи шабакаҳои барқ дар шаҳри Ҳисор Мансур Файзуллоев иштирокдорони маросими васли хати нави 10- киловолтаи барқро аз зеристгоҳи 110- киловолтаи  «Хонақоҳ» тариқи нақшаи умумии шабакаҳои барқи шаҳраки Ҳисор бо лоиҳа ва амалӣ гардидани ин тарҳ шинос намуд. Зикр шуд, ки  аҳолии шаҳраки Ҳисор беш аз 31 ҳазор нафар буда, афзоиши табиии аҳолӣ 2,7 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар шаҳр бахшида ба 35-солагии истиқлолият бунёди 1625 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки 675 адади он ба шаҳраки Ҳисор рост меояд. Инчунин тибқи нақшаи генералии шаҳр, бунёди даҳҳо адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгир намудани марказҳои савдою хизматрасонӣ дар назар дошта шудааст, ки насбу васли боз 30 адад трансформатори тавоноиашон 400 кВт-ро тақозо мекунад.

Марҳилаи якуми корҳо дар ин самт ба анҷом расида, пас аз анҷоми марҳилаи дуюму сеюм, ки аллакай оғоз гардидаанд, биноҳои маъмурии давлатӣ, беморхонаи марказӣ, маркази саломатии шаҳрӣ ва дигар  иншооти муҳим ба хатҳои нав васл гардида, сарбории трансформаторҳое, ки аҳолӣ ҳоло истифода мебарад, кам мегардад.

Ин иқдом ҳамзамон сифати дастрасии аҳолиро ба барқ дар маркази шаҳрак то андозае беҳтар менамояд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Октябрь 7, 2022 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд