Барои ҳар тоҷикистонӣ мояи ифтихор аст, ки Рӯзи Фалак дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Фалак мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик буда, бештар дар навоҳии кӯҳистон маъмул аст. Дар тӯли асрҳо марди кӯҳистонӣ аз мушкилот, нодорӣ ва нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, рӯ ба кӯҳсор овардаву аз таҳти дил фарёд мезад ва ба ин васила дарду ғам ва розу ниёзи худро ба осмонҳову офаридгори оламу одам ифшо менамуд. Фарёди ӯ дар кӯҳҳо мунъакис гардида, ба фалак мепечид.
«Ҳамин тавр, ин жанри мусиқии қадимии шифоҳӣ садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон ва аз дил ба дил то ба имрӯз расидааст. Дар фалак асосан рубоӣ ва ё дубайтие интихоб мешавад, ки маънои фалсафӣ дошта, таҷассумгари розу ниёзи мардум мебошад»,- чунин навиштаанд мушовирони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода ва Шуҳрат Азиззода бахшида ба Рӯзи фалак.
— Дар сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷузорӣ ба падидаҳои санъати қадимии миллии тоҷик, алалхусус шашмақом ва фалак ҷойгоҳи махсус дорад.
Ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат Пешвои миллат новобаста аз вазъи мураккаби сиёсию иқтисодӣ барои эҳёи арзишҳои гузаштаи фарҳангии миллати тоҷик икдом намуданд.
Чуноне ки Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ зикр намуданд, «санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад. Дар ин радиф Шашмақом ва Фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошанд, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классикии халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти тоҷик ба ёдгор мондаанд. Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ аз ҷумлаи беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем».
Ҳамин аст, ки бо иқдоми Пешвои миллат 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ дода шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007 ҳар сол 10 октябр Рӯзи фалак эълон гардид ва он бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Дар ин рӯз аз ҳар гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва ҳатто аз хориҷи он ҳунармандони асили мардумӣ гирд омада, санъату ҳунари волои хешро пешкаши мардум менамоянд.
Барои эҳёи суннатҳои мусиқиии мардуми тоҷик иқдомоти зиёде амалӣ гардидаанд, ки қабули «Барномаи давлатии рушди Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 аз зумраи онҳо мебошад. Барои тарғиби ин мероси нодири фарҳангӣ ҳар сол ҳамоишҳои илмию тадқиқотӣ ва чорабиниҳои рангини фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ доир мегарданд.
Соли 2021 дар асоси нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии рушди Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода Фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии ИДМ» баргузор гардид. Имрӯзҳо анъанаи эҷодию иҷрои фалаксароӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов мавриди омӯзишу тадрис қарор гирифта, устодону донандагони мардумии ин жанри шеърию мусиқии халқамон ба насли ҷавони ҳунармандон сирри нозукиҳои онро меомӯзонанд.
Бо заҳмату кӯшишҳои як идда донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ, аз қабили Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Карими Шиш, Акашариф Ҷӯраев, Ҳошими Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Мусаввар Минаков, Мамадато Таваллоев, Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Моҳҷон Назардодова, Нусайрӣ Одинаев, Ҳаким Маҳмудов, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманди Хол, Сафармуҳаммад Муродов, Дона Баҳромов, Аслия Искандарова, Панҷшанбе Ҷорӯбов ва дигарон дар асри гузашта ва замони мо мусиқии Фалак ривоҷу равнақ ёфта, машҳури олам гардид.
Муаррифии ин шоҳкории бузурги санъати халқии тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ, ки маҳз бо ибтикори Пешвои миллат роҳандозӣ шуд, имкон дод, ки Фалак ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО номнавис гардад. Барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мояи ифтихор аст, ки Рӯзи Фалак имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мегардад.
Дар ин ҷо суханони ҳикматомези Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки моҳи октябри соли 2008 дар Рӯзи фалак бо муҳаббати хосса изҳор доштаанд, овардан бамаврид аст:
«Имрӯз жанри мусиқии классикии Фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунар дар фазои соҳибистиқлолии кишвар бо ҷилову садои хеш танинандоз гардидааст».
Рӯзи фалакро ба кулли ҳамватанон муборакбод менамоем.
Муҳиддин ПАЙШАНБЕЗОДА,
Шуҳрат АЗИЗЗОДА,
мушовирони бахши Ёрдамчии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»