Барои бунёди НБО –и «Себзор» 17 хоҷагӣ ба ҷойи нав кӯчонида шуда, онҳо соҳиби манзили нав гардиданд
ДУШАНБЕ, 11.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи лоиҳаи бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор», 17 хоҷагӣ, ки заминҳояшон зери сохтмон қарор гирифта буд, ба ҷойҳои нав кӯчонида шуданд. Аз ҷумла, 7 хоҷагӣ дар деҳаи Чагеви Болои ноҳияи Роштқалъа соҳиби манзилҳои нави истиқоматӣ гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, котиби Шӯрои амният Насрулло Маҳмудзода ва Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъазода бо шароити рӯзгори хоҷагиҳои мазкур аз наздик шинос гардида, бо сокинон суҳбат намуданд.
Дар деҳаи навбунёд роҳи мошингард сохта шуда, хати об низ бароварда мешавад.
Насрулло Маҳмудзода аз шароити фароҳамгардида дар ин ҷо ва бунёди хонаҳои замонавӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаву барномаҳои муҳими стратегӣ бо шарикони рушд дар ҷумҳурӣ пиёда мегарданд, ки ба беҳтарсозии рӯзгори сокинони кишвар, бахусус дар деҳоти дурдаст мусоидат менамоянд.
НБО –и «Себзор» барои сокинони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ ва бо маоши хуб таъмин намудану коҳиш додани сатҳи бекорӣ имконияти хуб фароҳам меорад.
Ҳоло раванди созандагиву бунёдкорӣ дар ВМКБ ба марҳилаи тоза ворид гардида, дар тамоми гӯшаю канори он бунёдкорию созандагӣ бо суръати баланд пеш мераванд.
Акнун барои муҳоҷирони ба ватанбаргашта низ имконияти мусоид фароҳам аст, то дар зодгоҳ бо ҷойи кор таъмин шаванд.
Сокинони деҳа ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ ва кумак дар бунёди хонаҳои истиқоматӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.



Ёдовар мешавем, ки 29 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳҳои барқии «Хоруғ» ва «Помир-1» оғоз бахшиданд. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Себзор» ва татбиқи барномаи пайвастшавии шабакаҳои барқи вилоят бо ҷумҳурӣ ба таври маҷозӣ шинос шуданд.
НБО-и «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа ҷойгир буда, то имрӯз барои заминагузорӣ ба оғози корҳои сохтмонӣ чораҳои зарурӣ бо муваффақият анҷом дода шудаанд. Татбиқи лоиҳаи бунёди ин иншооти гидроэнергетикӣ моҳи декабри соли 2020 оғоз гардидааст. Неругоҳ аз се агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолии он аз рӯи лоиҳа 11 мегаватт дар як шабонарӯз мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 54 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
НБО-и «Себзор» дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза сохта шуда, ба рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Дарозии хати интиқоли барқи бунёдшаванда 24,3 километрро ташкил медиҳад ва барои амалӣ намудани лоиҳа 4,1 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Бояд гуфт, ки соли 2021 ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои маъмурии Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба истифода дода шуд.
Акс: МИҲД ВМКБ








Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд






