БРАВИССИМО! Ғолибони Бозиҳои XVI Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ муайян гардиданд

Октябрь 17, 2022 18:48

ДУШАНБЕ, 17.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Даври ниҳоии Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар номинаи «Сарояндаи эстрадӣ», гурӯҳи аз 14 то 17-сола Нилуфар Азизова аз Тоҷикистон сазовори ҷои аввал ва медали тилло гардид. Марина Гринёва аз Федератсияи Россия ба гирифтани ҷои дуюму медали нуқра мушарраф шуд. Сарвиноз Ҳамдамова аз Тоҷикистон ҷои сеюм ва медали биринҷӣ гирифт.

Инчунин Шаҳриёр Шарифзода аз Тоҷикистон, Элзара Кураисова аз Қазоқистон ва Юсуфҷони Сангалӣ аз Тоҷикистон бо Дипломи махсус қадрдонӣ карда шуданд.

Дар номинаи «Сарояндаи эстрадӣ», гурӯҳи аз 18 то 25 — сола Полина Чернова аз Россия сазовори ҷои якум ва медали тилло шуд. Елена Кузнетсова аз Беларус соҳиби ҷои дуввум ва медали нуқра ва Мусагали Молдабаев аз Узбекистон сазовори ҷои сеюм ва медали биринҷӣ гардиданд.

Никита Самойлов аз Россия, Мадинабону Адилова аз Узбекистон ва Афзалшо Сафарзода аз Тоҷикистон бо Дипломи махсус сарфароз гардонида шуданд.

Дар номинаи «Скрипка», гурӯҳи аз 17 то 21-сола се ҷои аввал ва мутаносибан медалҳои тиллою нуқра ва биринҷӣ насиби Елизавета Лихнитская (Россия), Тимур Никитёнок (Беларус) ва Имран Измаилов (Узбекистон) гардиданд.

Акбота Мауленкул аз Қазоқистон «барои маҳорати эҷодӣ» Дипломи махсус гирифт.

Дар номинаи «Скрипка», гурӯҳи  аз 14 то 16-сола ду нафар аз Қазоқистон- Айгерим Аулбек ва Айгерим Танкеева соҳиби ҷойҳои якум ва дуввум гардида, ба гирифтани медали тиллову нуқра мушарраф шуданд.

Арина Мороз аз Тоҷикистон, Диляра Мукамова аз Қазоқистон ва Юнона Мирзоева аз Тоҷикистон «барои маҳорати эҷодӣ» бо Дипломи махсус қадрдонӣ шуданд.

Дар номинаи «Фортепиано», гурӯҳи  аз 14 то 17-сола Евелина Медведко аз Россия ҷои якум ва медали тилло гирифт. Светлана Агопян аз Арманистон ҷои дуввум ва медали нуқраро соҳиб шуд.

Дипломи махсус «барои маҳорати эҷодӣ» насиби Лола Қамбарова аз Тоҷикистон шуд.

Дар номинаи «Фортепиано», гурӯҳи аз 18 то 25-сола Никита Стесенко аз Узбекистон сазовори ҷои якум ва медали тилло, Любов Глазова аз Беларус сазовори ҷои дуюм ва медали нуқра ва Беҳрӯз Сайфуддинов аз Тоҷикистон соҳиби ҷои сеюм ва медали биринҷӣ шуданд.

Бо Дипломи махсус «Барои маҳорати эҷодӣ» Эдиба Таҷнур аз Қазоқистон ва Сергей Батенев аз Россия қадрдонӣ шуданд.

Инчунин дар номинаи «Ҳунарҳои мардумӣ», гурӯҳи аз 19 то 24-сола се ҷои аввалро намояндагони Тоҷикистон- Муҳаммадҷон Миров, Муҳаммадҷони Ҳикматзода ва Луиза Азимова ба даст оварданд.

«Барои мувофиқат ба мавзӯи пешниҳодшуда» Фаррух Муллоҷонов аз Тоҷикистон, «Барои бадеияти иҷро» — Людмила Криллова аз Беларус, «Барои маҳорат» Шаҳноза Гулмадова аз Тоҷикистон бо Дипломи махсус қадрдонӣ гардиданд.

Дар номинаи «Ҳунарҳои мардумӣ», гурӯҳи аз 15 то 18-сола Полина Гаманюк (Россия), Зуҳал Юлдашева (Тоҷикистон) ва Нурай Айтбек (Қазоқистон) мутаносибан ба дарёфти ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ноил гардиданд.

«Барои мувофиқат ба мавзӯи додашуда» Нилуфар Аблоқулова аз Тоҷикистон, «барои бадеияти иҷро» — Аминаи Баҳодур аз Тоҷикистон ва «барои маҳорат» Усмонҷон Ҳайдаров аз Тоҷикистон бо Дипломи махсус сарфарз гардиданд.

Дар номинаи «Санъати тасвирӣ», гурӯҳи аз 18 то 21-сола: Томирис Макашева (Қазоқистон) соҳиби  ҷои якум, Марта Шербич (Беларус) сазовори ҷои дуюм ва Марҷона Остонаева (Тоҷикистон) соҳиби  ҷои сеюм шуданд.

Бо Дипломҳои махсус дар мавзӯи «Ҷаҳон аз нигоҳи ман» Акбота Абейдолла аз Қазоқистон, Софя Хапина аз Россия, Мирзохоҷа Хуҷамуродӣ аз Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Дар номинаи «Санъати тасвирӣ», гурӯҳи аз 14 то 17-сола Мурашко Купава аз Россия ҷои якум ва медали тилло, Гордей Мурашко аз Руссия ҷои дуюм ва медали нуқра, Мадина Шаропова аз Тоҷикистон ҷои сеюм ва медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Бо дипломҳои махсус дар мавзӯи «Фаслҳои сол» Назим Жумагулова аз Қазоқистон, Машҳура Алиҷонова ва Самиа Юнусова аз Узбекистон қадрдонӣ шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 17, 2022 18:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд
«Тоҷикфилм» ва Синамогурӯҳи «Ғарб» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
18 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Онҳо ба мардум фароғати фарҳангӣ бахшида, бо таърих ва фарҳанги қадимӣ шинос менамоянд
ОСОРХОНА — ОИНАИ ТАЪРИХИ ХАЛҚ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Панҷакент Кӯшки суғдӣ кашф гардид
БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми байналмилалии «Шабе дар осорхона» доир мешавад
Оҳангсоз аз Эрон: «Шашмақомсароёни тоҷик хеле садои дилнишину оромбахш дошта, дар фосилаҳои садоии созҳои ин жанр бартарӣ доранд»
Дар доираи Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дарси маҳорат бо услуби «устод – шогирд» доир шуд
150 номгӯй китоби бадеӣ, илмӣ ва таърихии нашриёти Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» пешниҳод гардид
«БОЗ ДАР ГӮШАМ РАСАД САВТУ НАВОИ ШАШМАҚОМ». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад
«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барнома доир мешавад