Дар Арманистон ҷаласаи 44-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин баргузор шуд

Октябрь 26, 2022 16:31

ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ориф Хоҷазода дар ҷаласаи 44-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин, ки 24-26 октябр дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон баргузор шуд, иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур.

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода вобаста ба дастовардҳои Кумитаи давлатӣ ва ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин изҳори назар намуд.

Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯрои мазкур ва фаъолияти муштарак дар самти геодезия, харитасозӣ, кадастр мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа протокол ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин соли 1992 таъсис ёфта, то имрӯз 43 ҷаласаи он дар ҳар давлати аъзо бо навбат гузаронида шудааст.

Мақсади таъсиси Шӯрои мазкур- истифодаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи заминсози геодезия, харитасозӣ, мушоҳидаи фосилавии замин ва омода намудани мутахассисони касбӣ дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Беларус ва дигар давлатҳои аъзо мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои бевоситаи Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин буда, дар ҷаласаҳои шӯрои мазкур фаъолона иштирок менамояд.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 26, 2022 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд