Дар Берлин густариши равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон ва вазъ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Маттиас Люттенберг вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳолати кунунии робитаҳои ҳасанаи дуҷониба ва таҳкими ҳарчи бештари ҳамкории баъдӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илму маориф, амният ва дигар масоили мавриди эҳтимоми тарафайн дар меҳвари ин гуфтугӯ қарор доштанд.
Ҳамчунин дар атрофи мавзӯъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Имомудин Сатторов таваҷҷуҳи дипломати олмониро ба равандҳои минтақавӣ, минҷумла таниши ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷалб карда, дар ин хусус таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буда, дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






