Дар доираи Конфронси 4-уми Берлин оид ба иқлим ва амният ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11-12 октябр бо ибтикори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон Конфронси 4-уми Берлин оид ба иқлим ва амният (BCSC-2022) баргузор гардид, ки дар он Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар маросими ифтитоҳ Вазири федеролии корҳои хориҷии Олмон хонум Анналена Бербок ва якчанд нафар мансабдорони воломақоми кишварҳои хориҷӣ сухан гуфтанд.
Ҳангоми ду ҷаласаи канорӣ дар мавзӯи “Устувории минтақавӣ: намунаҳои амалиёти амниятӣ дар соҳаи иқлим дар Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ” ва “Ба сӯи Осиёи Марказии сабз: сиёсати хориҷии боздоранда ва устувор дар самти иқлим” роҷеъ ба ҳамкории минбаъда ва тарҳрезии лоиҳаҳои нав миёни кишварҳои минтақа ва Олмон музокирот сурат гирифт.
Дар вохӯриҳои алоҳидаи Сафири Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳамсуҳбатон ба ташаббусҳои байналмилалии кишвари мо дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023), эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва аҳамияти мубрами таъсиси Хазинаи байналмилалии пиряхҳо ҷалб гардид.
Дар кори конфронс вазирони корҳои хориҷӣ, котибони давлатии вазорату идораҳои марбутаи кишварҳои мухталиф, намояндагони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҳамчунин тарафҳои манфиатдор аз ниҳодҳои ҳифзи муҳити зист, об ва коҳиши хавфи офатҳои табиӣ иштирок намуданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд






