Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани шароити қутоспарварӣ машварати омӯзишӣ доир шуд

Октябрь 29, 2022 10:45

ДУШАНБЕ, 29.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе машварати омӯзишии «Беҳтар намудани шароити қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, роҳбари намояндагии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Монтиел Ленни, муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умед Носирзода ва Раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар Ҷамшед Ҷумъахонзода иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд, ҳадафи асосии машварати омӯзишӣ- ин гирифтани маълумоти аниқу воқеӣ оид ба аҳамияту зарурати рушди самти қутоспарварӣ, дастгирии мардум дар минтақаҳои аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дурдасти Тоҷикистон бо ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ва дигар созмону ташкилоти байналмилалӣ мебошад.

Дар машварат зикр гардид, ки қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёд намудани саршумори чорво ва баланд бардоштани сифатҳои генетикии маҳсулот дар баробари таъмини эҳтиёҷоти хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъмини аҳолии Тоҷикистон бо маводи озуқаворӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои сокинони ноҳияҳои кӯҳӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар даҳсолаҳои пеш саршумори қутос дар ҷумҳурӣ 7 ҳазор сарро ташкил медод, имрӯз теъдоди он дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ ба 28 ҳазору 362 сар расидааст.

Чунин машваратҳо метавонанд барои муайян намудани шарикони калидӣ ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои зикргардида ҳаматарафа кумак намоянд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 29, 2022 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид