Тоҷикистон ба СААД маълумот дар бораи қурбониёни даргирӣ дар марз бо Қирғизистонро пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 08.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр дар шаҳри Ереван муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ дар машваратҳои муовинои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ширкат кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти машваратҳо намояндагони мақомоти сиёсати хориҷӣ доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи СААД табодули афкор намуда, омодагиро ба иҷлоси (ҷаласаи) навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмон, ки дар нимаи дуюми ноябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Арманистон баргузор мегардад, баррасӣ намуданд.
С. Имомӣ ба давлатҳои узви СААД дар бораи пайомадҳои таҷовузи низомии қаблан тарҳрезишудаи Қирғизистон алайҳи Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Таъкид шуд, ки амалҳои таҷовузкоронаи давлати ҳамсоя хилофи алгоритми фаъолияти СААД ва муқаррароти санадҳои оинномавии Созмон аст. Таъкид гардид, дар ҳоле, ки Тоҷикистон дар муқобили таҳдидҳои ҷиддӣ ба тамоми минтақаи СААД маҷбур аст барои ҳифзи марзҳои ҷанубии минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ нерӯҳо ва васоити зиёде эъзом кунад, иғвогариҳо дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон қобили қабул нест.
Машваратҳо мувофиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи қарорҳои иҷлоси сентябрии (соли 2021, ш. Душанбе) Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва иҷрои самтҳои авлавиятноки фаъолияти СААД дар давраи раисии Ҷумҳурии Арманистон гузаронида шуданд.








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






