Дар Москва филми тоҷикии «Дов» («Фортуна») ба намоиш гузошта шуд

Октябрь 19, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар Толори калони Хонаи синамогарони шаҳри Москва бахшида ба Рӯзҳои  фарҳанги Тоҷикистон дар Россия филми тоҷикии бадеии «Дов» («Фортуна»)  ба намоиш гузошта шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Федератсит Россия  хабар доданд.

Намоиши мазкур бахшида ба солгарди 93-юми синамои тоҷик бо ташаббуси киностудияҳои давлатии Тоҷикистон «Суғдсинамо» ва «Тоҷикфилм», инчунин бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва ва Иттифоқи синамогарони Россия танзим гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони санъату фарҳанг,  ВАО, инчунин донишҷӯён ва дӯстдорони синамо ширкат варзиданд.

Қабл аз оғози намоиш ҳайати коргардонҳо ва ҳунармандони филм ба  намояндагони ВАО роҷеъ ба  мазмуну моҳият ва ҳадаф аз таҳияи филми мазкур маълумоти муфассал доданд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

Октябрь 19, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд