Дар Намангон вохӯрии навбати гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 21 октябри соли 2022 дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон вохӯрии навбати гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷараёни корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, пешниҳодҳо оид ба хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбекистон таҳия шуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.Дар поёни нишаст Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд
Афзалияти ҷашни бостонии тоҷикон–Меҳргон тавассути воситаҳои ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио мулоқот намуд
Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон ташриф овард
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд






