Дар Шуғнон бунёди ҳавзҳои моҳипарварӣ идома дорад

Октябрь 9, 2022 09:45

ДУШАНБЕ, 09.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шуғнон бо ҷараёни корҳои сохтмонии ҳавзҳои моҳипарварӣ дар деҳаи Сохчарви Ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонов шинос шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон.

Ҳавзҳои моҳипарварӣ аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Нозигул Элназарова роҳандозӣ гардида, дар корҳои сохтмонии ҳавзи моҳипарварӣ техникаи калонҳаҷм ва сӯзишворӣ аз тарафи Раиси вилоят ба хоҷагӣ кумак карда шудааст.

Ҳамзамон пас аз мавриди истифода қарор гирифтани ҳавзҳо бо дастгирии Раиси вилоят ба хоҷагӣ ба миқдори 3000 дона моҳичаҳои ба шароити минтақа мутобиқ сар дода мешаванд.

Ҳамаи ин тадбирҳо аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ, ба хотири пешрафти ин соҳаи сердаромад, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба даст овардани даромади софи иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум амалӣ мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ Алишер Мирзонабот ба иқдоми роҳбари хоҷагӣ Нозигул Элназарова барои обод кардани гӯшаи диёр ва мусоидат ба рушди соҳаи моҳипарварӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва амалисозии ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ изҳори сипос кард.

Ёдовар мешавем, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даҳҳо кӯлу ҳавзҳои сунъӣ ва рӯдхонаву обанборҳо мавҷуданд, ки барои ташкил ва  рушди соҳаи моҳидорӣ заминаи хуб мебошанд. Дар ҳавзҳои сунъӣ зағорамоҳӣ, сазан, амури сафед, дар кӯлҳои табиӣ османмоҳӣ, ширмоҳӣ ва гулмоҳӣ парвариш меёбанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

Октябрь 9, 2022 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид