Дар Тоҷикистон мусобиқаи малакаҳои касбӣ тибқи талаботи Ташкилоти байналмилалии «World skills» доир мегардад

Октябрь 21, 2022 14:30

ДУШАНБЕ, 21.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе миёни Тоҷикистон ва Эрон мусобиқаи малакаҳои касбӣ тибқи талаботи Ташкилоти байналмилалии «World skills» доир мегардад. Ин матлаб зимни мулоқоти гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфии Ҷумҳурии Исломии Эрон 19 октябр баён гардид.

Бояд гуфт, ки Ташкилоти байналмилалии «World skills» созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани мақом ва стандартҳои омодагии касбӣ ва тахассусӣ,  оммавӣ намудани касбҳои корӣ тавассути озмунҳои байналмилалӣ дар саросари ҷаҳон мебошад. Ташкилот соли 1946 таъсис ёфтааст.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Абдулғаффор Раҳмонзода аз 17 то 19 октябр дар доираи густариши ҳамкорӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуд.

17 октябр дар Эрон ҷаласаи 2-юми гурӯҳи кори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва касбии Ҷумҳурии Исломии Эрон оғои Ғуломҳусейн Ҳусейниниё доир гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба иҷрои Ёддошти тафоҳум миёни вазоратҳо ва нақшаи кории сесолаи ҳамкории вазоратҳо дар самтҳои касбомӯзӣ, шуғл ва ҳунаромӯзӣ, инчунин табодули таҷрибаи омӯзгорон, устоҳои таълими истеҳсолӣ, касбомӯзон, баргузории озмунҳои маҳорат, таъмини таҷҳизоти касбомӯзӣ оид ба ихтисосҳои қаннодӣ, таъмири автомобил, омӯзиши ҳунарҳои дастӣ, бахусус қолинбофии дастӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи ҷаласа аз ҷониби муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфии Ҷумҳурии Исломии Эрон Протокол ба имзо расонида шуд.

Дар доираи Протокол тарафҳо мувофиқати худро ҷиҳати баргузории таҷрибаомӯзии таълимиву истеҳсолӣ, таҳияи стандартҳои таълимӣ барои коршиносони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин барои устоҳои таълими истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои қаннодӣ, ошпазӣ, нонпазӣ, коркарди чарм, кулолгарӣ ва кошинкорӣ, таъмири автомобилҳо, заргарӣ, дӯзандагиву тарроҳӣ ва касбу ҳунарҳои муосир изҳор намуданд.

Ҷониби эронӣ омодагии хешро барои дар шаҳри Душанбе муаррифӣ намудани таҷҳизот ва маводи таълимӣ-техникии ширкатҳои эронӣ, таҷрибаомӯзӣ ва коромӯзии ҳайати тоҷикистонӣ дар Эрон бо истифода аз таҷрибаи мактаби «Устод – шогирд» ва ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани на кам аз 1000 стандарти касбӣ-таълимӣ бо интихоби касбҳо тибқи талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки таҷрибаи ташкили омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии хусусӣ, ки дар Эрон фаъолият доранд, омӯхта шуда, ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштарак моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии ҶТ

 

 

Октябрь 21, 2022 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид