ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Артиши миллӣ-мактабе, ки дарси садоқату вафо, ватандӯстӣ, шарафмандию ҷавонмардӣ меомӯзад
НОРАК, 03.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар назди Қасри фарҳанги шаҳри Норак маросими ботантанаи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад, зеро ҳар ҷавоне, ки ба ин мактаби ҳаёт қадам мегузорад, ҳатман аз дарси садоқату вафодорӣ, ватандӯстӣ, шарафмандӣ, ҷавонмардию ҷоннисорӣ баҳравар мегардад.
Раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода даъватшавандагонро ба ин муносибат табрик гуфта, иброз намуд, ки «Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Ташкил ва таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқӯъ пайваст».
Зимни маросими гусел зикр шуд, ки «имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам қудрату тавоноӣ, маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти бештар дорад. Мояи ифтихормандист, ки ҳоло мамлакати мо тамоми ҳудуди сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд».
Дар қисми фарҳангии маросими гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо сурудҳои ватандӯстона манзури иштирокчиён гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд






