ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Истаравшан ба 10 нафар наваскарони фаъол дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд

Октябрь 4, 2022 11:00

СУҒД, 04.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар майдони «Нишони давлатӣ»-и шаҳри Истаравшан маросими сафарбаркунии наваскарони ихтиёрӣ баргузор гардид.         Ба 10 нафар наваскарони пешоҳанг, ки курси махсуси ронандагии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи вилояти Суғдро бомуваффақият хатм намудаанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМОВ бо истинод ба маркази  матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан.

Дар маросими сафарбаркунии наваскарони ихтиёрӣ Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр, наваскарони ихтиёрӣ ва волидайни онҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, собиқадорон, фаъолон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода навдаъватшудагони ихтиёриро ба муносибати шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, зикр намуд, ки имрӯз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмати ҳарбӣ беҳтар гардидааст.

«Мояи ифтихор аст, ки имрӯз дар шароити сулҳу субот ва оромии мамлакат ҷавонон бо пайравӣ ба падарону бобоёни шӯҳратёри худ, бо амри дил ва ҳисси ватандӯстона ихтиёран барои ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардидан омода мебошанд. Ба наваскароне, ки имрӯз бо хоҳиши худ ба мактаби мардонагӣ қадам гузошта истодаанд, дар адои ин рисолати пуршараф ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар ҳифзи Ватан комёбиҳо орзумандам», – иброз дошт Адҳам Маъмурзода.

Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад ва ҳоло мамлакати мо сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд.

 

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан

Октябрь 4, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд