ФАО: дар ҷаҳон 222 миллион нафар ба таври ҷиддӣ дучори норасоии озуқавориянд

Октябрь 14, 2022 13:08

 ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 222 миллион нафар дар ҷаҳон имсол ба норасоии шадиди маводи озуқаворӣ дучор шудаанд. Дар баробари ин панҷяки онҳо зери хатари аз гуруснагӣ фавтидан қарор доранд. Чунин маълумотро Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) пешниҳод кардааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Ба маълумоти ФАО, норасоии шадиди маводи озуқаворӣ дар Афғонистон, Сомалӣ, Эфиопия, Яман ва Судони Ҷанубӣ мушоҳида мешавад.

Тавре ки роҳбари ФАО Тсю Дунъюй  иброз дошт, барои ислоҳи вазъият бояд барои рушди кишоварзӣ ва таъсиси низоми  озуқавории хоҷагии қишлоқ маблағи бештар ҷудо карда шавад.

Қаблан дар ФАО зикр намуданд, ки буҳрони озуқаворӣ дар ҷаҳон дар натиҷаи тағйирёбии иқлим, пандемияи коронавирус, буҳрони Украина ва инчунин муноқишаҳои гуногуни минтақавӣ шадидтар шудааст.

ДАР АКС: Афғонистон. Акс аз манбаъҳои боз

Октябрь 14, 2022 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат нақши калидӣ дорад
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои пешрафти устувору бомароми мамлакат талош менамояд
Барои кормандони мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология бо дастгоҳи лаборатории мобилии санҷиш ва таҳқиқи захираҳои об таъмин гардид
Дар Тоҷикистон 30 муассисаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Дар Пекин вазъ ва дурнамои татбиқи санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон ва Чин дар самти мақомоти иҷро баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо сохтмони манзилҳои зист барои оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
Ҳамкории илмию таҳлилии Тоҷикистон ва Олмон густариш меёбад
Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид