ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КУҲАНСОЛОН. Саргеронтологи Тоҷикистон: «Мо бояд неруи пиронсолонро чун сарвати миллии кишвар эътироф намоем»
ДУШАНБЕ, 01.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 1 октябр тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии куҳансолонро, ки бо Қатъномаи Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид аз 14 декабри соли 1990 (International Day of Older Persons) тасдиқ шудааст, ҷашн мегирад. Сабаби қабули қатъномаи мазкур- ин зиёд шудани теъдоди шахсони куҳансол дар сохтори умумии аҳолии кураи Замин мебошад.
Бино ба гуфтаи ходими калони илмии шуъбаи геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон», саргеронтологи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб Саодат Камолова, иҷлосияи дуюми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои куҳансолон 8-12 апрели соли 2002 дар шаҳри Мадрид доир гардида буд.
«Дар иҷлосияи мазкур на танҳо қарор дар бораи тасдиқи Рӯзи байналмилалии шахсони куҳансол ҳамчун иди байналмилалӣ ҷонибдорӣ карда шуд, балки нақшаи таҳлили СММ оид ба вазъи куҳансолӣ пешниҳод гардид. Дар назди роҳбарони давлатҳое, ки узви СММ ба ҳисоб мераванд, уҳдадориҳои зерин вогузор карда шуданд: масъалаҳои куҳансолӣ ба стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа дохил карда шаванд; ҳифзи шахсони куҳансоле, ки дар шароити муноқишаҳои мусаллаҳона ва истилои байналмилалӣ қарор доранд; барҳам додани табъиз бо нишонаҳои синну солӣ; таъмин намудани куҳансолон бо дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ бо принсипҳои баробарӣ.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз соли 2007 инҷониб ҳамасола 1 октябр Рӯзи байналмилалии пиронсолон бо баргузории барномаҳо, аз ҷумла расонидани кумакҳои моддиву молиявӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва аёдати ин гурӯҳи аҳолӣ таҷлил мешавад.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 1 октябр чун Рӯзи куҳансолон расман ба феҳристи идҳои дар мамлакат таҷлилшаванда ворид карда шудааст. Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати таҳқиқ ва омўзиши мақоми тиббӣ, рӯҳӣ, эҳсосотӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии пиронсолон, муайян намудани мушкилоти пиронсолон ва бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ва дар ин замина омода намудани пешниҳодҳои илман асоснок барои таҳияи сиёсати давлатҳо дар самти ҳифзи иҷтимоии пиронсолон дар муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди сохтории махсус – Бахши геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолон таъсис дода шуд»,-иброз намуд номзади илмҳои тиб Саодат Камолова.
Дар сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии иҷтимоии табақаҳои ниёзманд ва осебпазири аҳолӣ мавқеи махсус дорад. Дар ин радиф барои таъминоти иҷтимоии пиронсолон ҳамчун қишри осебпазири ҷомеа ва сармояи бебаҳои инсонии миллат, ки ба таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии молиявӣ, тиббӣ ва маънавӣ ниёз доранд, аз ҷониби Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам тадбирҳои муассир роҳандозӣ мегарданд.
«Аз охирҳои асри ХХ зиёдшавии давомнокии умри аҳолии кураи Замин ба назар мерасад. Тибқи тадқиқоти коршиносони СММ, «ҳар моҳ 1 млн нафар аз синни шаст мегузаранд. Аз оғози солҳои 1950 то соли 2010 давомнокии умр дар сатҳи ҷаҳонӣ аз 46 ба 68 сол зиёд шуда, мувофиқи дурнамо, то охири асри 21 нишондиҳандаи мазкур ба 81 сол баробар мешавад. Дар айни замон дар ҷаҳон беш 700 млн нафари аз 60-сола боло дар қайди ҳаёт мебошанд ва соли 2050 теъдоди шахсони куҳансол ба 2 млрд нафар мерасад, ки 20 фоизи аҳолии ҷаҳонро ташкил менамоянд. Агар ба дурнамои пешниҳоднамудаи мутахассисон назар кунем, маълум мешавад, ки соли 2050 бори аввал дар таърихи башарият шумораи шахсони аз 60-сола боло дар ҷаҳон аз теъдоди кӯдакони то 15-сола бештар хоҳад шуд»,- зикр намуд ходими калони илмии шуъбаи геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон».
Ба андешаи мусоҳиби мо, муҳимияти мушкилӣ ба пиршавии демографии аҳолии ҷаҳон алоқамандӣ дорад. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ зикр менамояд, ки «масъалаҳои алоқаманд ба куҳансолӣ дар асри ХХI аз он масъалаҳое, ки дар асри гузашта арзи вуҷуд доштанд, куллан фарқ мекунанд. Вобаста ба ин моро зарур аст, ки роҳҳои нави ҳалли масъалаи куҳансолиро дарёфт намоем ва дар навбати аввал мушкилоти саломатиро ҳал кунем».
Ҳамаи ин таваҷҷуҳи хоссаро ба талабот ва мушкилоти шахсони куҳансол тақозо менамояд.
«Тоҷикистон низ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳадди муайяншудаи пиршавии аҳолиро убур намуд. Маълумот дар бораи пиршавии аҳолӣ бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон аз 24 апрели соли 2013 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Пешвои миллат зимни ироаи ин Паём баён доштанд, ки “давомнокии умри миёнаи аҳолӣ аз 68,4 сол дар соли 2000 то 72,5 сол дар соли 2011 афзоиш ёфтааст. Давоми солҳои 2012 то соли 2015 давомнокии умри миёнаи аҳолӣ аз 72,5 сол то ба 73,4 сол баробар гардид, ки дар муқоиса ба соли 2000-ум афзоиш 5 солро ташкил менамояд”.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2018 зикр гардид, ки давомнокии умри миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 75 солро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба соли 2000 нишондиҳандаи мазкур 6,6 сол зиёд гардидааст. Тибқи дурнамо, то соли 2030 теъдоди шахсони синну соли аз 60 боло ба зиёда аз 11,5 фоизи аҳолӣ баробар мегардад, ки ин мушкилии зиёди ҳалталабро ба вуҷуд меорад.
Дар мамлакат ҳуқуқҳои аҳолии куҳансол дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд (моддаи 39) – «Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъминоти иҷтимоӣ дорад».
«Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 ҳуҷҷати тақдирсоз барои одамони куҳансоли ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Дар санади мазкур дар боби «таъмини ҳифзи табақаҳои осебпазири аҳолӣ» одамони куҳансол ба гурӯҳи алоҳидаи иҷтимоӣ ҷудо гардида, чунин масъалаҳо ба нақша гирифта шудаанд: рушди низоми ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони куҳансол тавассути баланд бардоштани сифат ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба одамони куҳансол; ҷорӣ намудани ҳадди ақалли стандартҳои иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ки ба шаҳрвандони куҳансол пешниҳод мегарданд; таъсис ва ҷорӣ намудани хадамоти геронтологӣ барои хизматрасонии тиббӣ ва дигар хизматрасониҳои махсус ба одамони куҳансол; ташаккули маблағгузории сарикасии хизматрасониҳои иҷтимоие, ки ба одамони куҳансол дар муассисаҳои давлатии хона-интернатҳо расонида мешаванд, таъсиси механизми фасеҳи шуғли шаҳрвандони куҳансол»,-баён дошт саргеронтологи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Саодат Камолова илова намуд, ки дар ин раванд амалӣ намудани корҳои бениҳоят зиёд дар пешанд. Яке аз мушкилоти асосӣ, ки одамони куҳансол дар аксари давлатҳои дунё бо он рӯ ба рӯ мешаванд, эйҷизм – яъне «стереотипҳо ва табъиз дар муносибат бо одамон ва гурӯҳҳои куҳансол дар асоси синну солашон» мебошад.
«Таҷлил намудани Рӯзи пиронсолон – 1 октябр дар саросари мамлакат, бахусус дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ ва хона-интернатҳои пиронсолон аҳамияти хосса дорад, зеро он имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии ин қишри ҷомеа ҷалб карда шавад»,- гуфт ходими калони илмии шуъбаи геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон», саргеронтологи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб Саодат Камолова.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
Акс аз бойгонии Саодат Камолова