ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон

Октябрь 21, 2022 18:45

ДУШАНБЕ, 21.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бо эътирофи муҳиммияти ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, риояи принсипи ҳифзи ҳусни неки ҳамҷаворӣ дар чунин давраи барои ҳарду давлат душвор ваколат доранд изҳор намоянд, ки бо талошҳои муштараки ҷонибҳо вазъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мӯътадил арзёбӣ мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд.

Бо мақсади риоя ва таҳкими тавофуқоти ҳосилшуда ҷиҳати пешгирӣ аз иғвои эҳтимолӣ дар хатти сарҳад 21 октябри соли 2022 мулоқоти роҳбарони идораҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майор Уларбек Шаршеев баргузор гардид.

Роҳбарони ниҳодҳои марзбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон зарурати таҳкими саривақтӣ ҷиҳати коҳиш додани шиддатнокии вазъият дар сарҳад, риояи қатъии тартиби рафтори марзбонони ду кишварро таъкид карданд.

Пайравии ҳатмӣ ба принсипҳои эҳтироми ҳамдигарӣ, ҳамзистии мусолиматомез, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамрайъӣ дар масъалаҳои якпорчагии қаламрав ва дахлнопазирии сарҳадҳо бори дигар тасдиқ карда шуд. Ҷонибҳо ба фаъолияти комиссияи байнидавлатӣ дар самти пешгирии ҳодисаҳо баҳои холисона дода, ба ҳалли осоиштаи мушкилоти мавҷудаи сарҳадӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ҷиҳати амалӣ ва таҳкими созишномаҳо ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вохӯриҳои мунтазами гурӯҳҳои кории муштаракро, ки баҳри ба эътидол даровардани вазъ дар марз фаъолона иштирок мекунанд, баргузор намоянд.

Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Қирғизистон изҳор менамоянд, ки қарор оид ба масъалаи муайян кардани сарҳади давлатӣ салоҳияти комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад мебошад, ки он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъйид карда шудааст.

Дар робита ба ин, роҳбарони ниҳодҳои марзбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз васоити ахбори омма, инчунин шахсони бесалоҳият даъват мекунанд, ки аз ҳар гуна шарҳу эзоҳ ба таври қатъӣ худдорӣ кунанд ва ба паҳншавии изҳорот ва тафсири ҳодисаҳое, ки метавонанд боиси тезутунд шудани муноқиша, барангехтани кинаю адоват дар байни халқҳои мо шаванд, роҳ надиҳанд.

Ҷонибҳо ҳама гуна изҳороти бемувофиқаро кӯшиши ноором кардани вазъ дар марзи ду кишвар арзёбӣ мекунанд.

Муовини якуми
Раис-Фармондеҳии
Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии
амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-полковник
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ

Муовини якуми
Раис-Директори
Хадамоти сарҳадии
Кумитаи давлатии
амнияти миллии
Ҷумҳурии Қирғизистон
генерал-майор
У.З.Шаршеев

Октябрь 21, 2022 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид