МЕҲРГОН-КУҲАНТАРИН ҶАШНИ МАРДУМИ ОРИЁИНАЖОД. Он дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон эҳё шуда, ҷилои тоза гирифт

Октябрь 15, 2022 10:09

ДУШАНБЕ, 15.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Меҳргон маънои меҳру муҳаббат, рамзи дўстию рафоқат, бародарию ҳамдигарфаҳмиро ифода месозад. Пайдоиши иди Меҳргон бо анъанаҳои парастиши Офтоб, нур ва гармӣ алоқаманд аст.

«Консепсияи ҷашни Меҳргон манфиатҳо ва арзишҳои инсонмеҳварӣ, зиндагидўстӣ, воқеиятнигорӣ ва ақлгароиро ба асос гирифта, роҳҳои расидан ба онҳоро дар самтҳои фарҳанг, сиёсати давлатӣ ва муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон муқаррар мекунад», — чунин навиштаанд мушовирони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода ва Шуҳрат Азиззода бахшида ба ҷашни Меҳргон.

— Дар сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба тамаддуни бостонии миллати тоҷик ва эҳёи суннатҳои аҷдодӣ ва тарғиби он ҷойгоҳи махсус дошта, дар ин самт хизмати мондагоре анҷом дода шудааст.

Тавре ки Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳои хеш изҳор доштанд: «Фарде, ки аз сарчашмаи суннатҳои аҷдодӣ ғизо намегирад, аз фарҳанги қадимаву ғановатманди гузаштагон баҳравар намегардад, ба қадри таърихи бою пурифтихор ва Ватани тамаддунпарвари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаи ҳаётбахш канда шудааст».

Дар ҳошияи ин суханони ҳикматомез гуфтан ҷоиз аст, ки маҳз бо ибтикори Сарвари фарҳангпарвари миллат ҷашнҳои Наврўзу Сада ва Тиргону Меҳргон эҳё гардида, дар замони истиқлолият ҷилои тоза гирифтанд.

Моҳи октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 80-солагии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур эълон карданд, ки дар баробари иди Наврӯз минбаъд иди Меҳргон низ ҳамчун иди миллӣ ҳар сол дар Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шавад.

Роҳбари давлат оид ба ин ҷашни куҳану бостонӣ изҳор доштанд, ки “Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро, рамзи аҳду паймон ва дўстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рўзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст”.

Минбаъд на танҳо дар сатҳи баланд ва ба таври оммавӣ таҷлил намудани ҷашни Меҳргон расм шуд, балки таҳқиқоти зиёде оид ба пайдоиш ва сайри таърихии ҷашни Меҳргон аз ҷониби олимони шинохтаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон анҷом дода шуданд.

Аз таҳқиқоти олимони Академияи миллии илмҳо бармеояд, ки дар моҳи меҳр Офтоб дар бурҷи Мизон қарор мегирад. Ба бурҷи Мизон даромадан ва то аз он баромадани Офтоб 1 моҳро (аз 23.09. то 23.10.) ташкил медиҳад. Меҳргон- рӯзи меҳри моҳи меҳр санаи чордаҳи моҳи меҳр, мутобиқ ба 8 октябри тақвими маъмули имрўза ҷашн гирифта мешавад.

Дар ҳамин замина Консепсияи ҷашни Меҳргон ба арзиши фарҳангӣ ё иҷтимоӣ табдил меёбад. Он иродаи мардумро ифода мекунад ва амалишавии он аз тарафи давлат ҳимоя ва таъмин карда мешавад.

Имрўз давлатҳои пешрафта ба арзишҳои фарҳангие такя мекунанд, ки самтҳои асосии рушди фарҳанг, сиёсату давлатдорӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ-иҷтимоии ин самтҳоро муайян месозанд.

Меҳргон маънои меҳру муҳаббат, рамзи дўстию рафоқат, бародарию ҳамдигарфаҳмиро ифода месозад. Пайдоиши иди Меҳргон бо анъанаҳои парастиши Офтоб, нур ва гармӣ алоқаманд аст. Дар замонҳои қадим ва даврони аввали пайдоиши таърихи хаттӣ Худои нур ва Офтобро Митро мегуфтаанд ва пайдоиши ин идро таърихнигорони қадиму нав ва мардумшиносон ба ин ном алоқаманд донистаанд. Таърихан Митро (дар забони ҳиндии қадим Mitra, дар «Авесто»- Migra) маънои Худои дўстӣ, аҳд, ризоият, таҳаммул дошта, дар асри сеюми қабл аз милод онро ҳамчун Худои Офтоб мешинохтаанд. Митроро дар Эрони қадим ба сифати ҳаками тавонгари наҷотбахш байни қувваҳои некӣ (Ҳурмузд) ва бадӣ (Аҳриман) медонистаанд. Баъдтар дар Рими қадим дар зери таъсири дини зардуштӣ ҷараёни митропарастӣ (охири асри якуми то милод ва асри дуюми милодӣ) пайдо мешавад. Дар Арманистони қадим ин калима ба шакли Меҳр – Худои Офтоб, чароғи Осмон ва адолат парастида шуда, хонақои Офтоб дар ш. Гарни (асри якуми милодӣ) ва қурбонихонаи Мхери дур (дари Мхер) дар шаҳри Ван бунёд карда мешавад. Номҳои армании Мигран, Мгер аз номи худои Меҳр сарчашма дорад, ки маънои офтобӣ, симои нурро дорад. Номҳои миллии халқи тоҷик ҳам то ҳол он номҳои бо меҳр алоқамандро нигаҳ дошта омадааст (Бузургмеҳр, Меҳрангез, Меҳрофарин, Меҳрона ва ғайра). Дар матнҳои суғдӣ ва парфиёнӣ расули (фиристодаи) саввуми дини монивӣ Митро ном дорад. Рўзи шонздаҳуми ҳар моҳро низ «меҳр» мегуфтаанд ва гўё ин рўзи фариштаи зардуштӣ Фурӯғ будааст. Худи калимаи фурӯғ ҳам маънои равшанӣ, Офтоб ва меҳрро дорад. Иди Меҳргон дар рўзи шонздаҳуми меҳрмоҳ ҳамчун иди шукронаи Офтоб ҷашн гирифта мешудааст.

Ҷашни Меҳргон дар даврони қадим ва махсусан дар аҳди Сосониён (асрҳои III-VII) хеле роиҷ буда, минбаъд бо тағйири шакл дар аҳди хилофати араб низ вуҷуд дошт ва дар давраи давлатдории Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён дар байни халқ маъруф гашт. Махсусан дар аҳди Сомониён ин ҷашн бо тантанаи ба худ хос таҷлил карда мешудааст. Дар адабиёти классикии форсу тоҷик васфи табиат, зуҳуроти он ва аз ҷумла, тавсифи иду маъракаҳои таърихию халқӣ мавқеи калон дошт. Махсусан дар давраи аввали Эҳёи Шарқ, яъне дар асрҳои IХ–ХII қисмати аввал (луғз)–и қасидаро ба тасвир ва сифати табиат бахшидан анъанаи маъруф буд дар адабиёти он давр. Дар ин роҳ Рўдакӣ, Фаррухӣ, Анварӣ, Масъуди Саъди Салмон, Манучеҳрии Домғонӣ, Хоқонии Шервонӣ ва бисёр сухансароёни дигар асарҳои баландмазмун офаридаанд. Дар ҳамин раванд шоирон фаслҳои сол, идҳои қадимаи ориёӣ, аз ҷумла Меҳргонро васф кардаанд ва бо ин восита андешаҳои худро баён намудаанд.

Ҷашни Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати мардум, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилзамкунию ҳосилғундорӣ будааст. Абӯрайҳони Берунӣ ба иди умумихалқӣ ва миллии ориёиён будани Меҳргон ишора карда, гуфта будааст: «Ин ид барои умуми мардум аст».

Маъруфии Меҳргонро боз аз он дарк кардан мумкин аст, ки дар таърихи санъати миллии аҷдодонамон сурудҳои мавсимию маросимии “Меҳргони бузург”, “Меҳргони хурд”, “Меҳргонӣ” маълуму машҳур будаанд, ки оҳангҳои онро ба Борбади Марвазӣ нисбат медиҳанд. Мутаассифона, баъди асри XVI ду силсиласурудҳои нахустин аз байн рафтаанд ва аз “Меҳргонӣ” чун гӯшаи сози “Дувоздаҳмақом” танҳо ном мондаасту халос. Дар адабиёти навини тоҷик асарҳо дар васфи фасли тирамоҳи заррин бисёранд. Дар онҳо зебоиҳои табиат, заҳмати марди деҳқон васф шудаанд, аммо маҳз ба иди Меҳргон асарҳо ва ҳатто ишораҳо камандаркаманд.

Дар гузашта ҷашни Меҳргонро ботантана, суруду мусиқӣ ва рақсу бозиҳо мегузаронидаанд. Дар ин рўз аз шоҳ то ғулом либоси арғувонӣ (сурх) мепӯшидаанд. Аз даврони Фаридун анъана шуда будааст, ки мардум ба миён рўймоли махсуси арғувонӣ банданд ва суруд замзама кунанду вақти таом хўрдан сухан нагўянд. Шоҳони давр ва ҳокимони вақт ба ҳамдигар ба муносибати иди Меҳргон туҳфаҳо мефиристодаанд. Асосгузори сулолаи Сосониён дар ҳамин рўз тоҷе, ки дар он сурати Офтоб нақш карда буд, бар сар мениҳод ва ин минбаъд анъанаи мулкдорони Аҷам мегардад.

Овардаанд, ки шаҳрдори Арманистон дар ҷашни Меҳргон 20000 той ба расми армуғон ба дарбори Ҳахоманишиён ҳадя фиристода будааст. Шоҳони Сосонӣ Ардашери Бобакон ва Хусрави Анушервон (солҳои ҳукмронӣ 531-579) дар он рўз ба мардум ҳадяҳо медодаанд.

Абурайҳони Берунӣ чандин анъанаҳои иди Меҳргонро махсус зикр намудааст. Аз нақли ў маълум мешавад, ки дар даргоҳи подшоҳон ҳангоми таҷлили ин ҷашн анъанае ҷорӣ будааст. Онро нобиғаи ҳамватанамон чунин ба қалам медиҳад: Дар саҳни дарбор марди диловаре ҳангоми тулўи Офтоб бо овози баланд мегуфтааст: “Эй фариштагон, ба дунёи поин фуруд оед ва шаётину шаррҳоро банду баст кунед ва онҳоро аз рўйи Замин дафъ намоед!”

Бар асоси устураи эрониёни қадим мардум боварӣ доштанд, ки агар касе дар бомдоди Меҳргон анор бихўрад ва ё гулоб бибўяд, офатҳои заминию осмонӣ аз ў дур мешудааст. Шоҳону сарварон дар рўзи иди Наврўз ба сарбозон либосҳои тобистона медоданд, бо фаро расидани иди Меҳргон сипоҳиёну хидматгузорон ба сару либос ва чизу чораҳои зимистона соҳиб мегаштанд. Дар давраи баъди Сосонӣ Меҳргонро як моҳи пурра ид мекардаанд. Анъанае низ роиҷ будааст, ки чун дар маъракаи иди Наврўз ҳар гуна намоишҳои идонаро, ки рамзи ба худ хосе доштанд, байни дарбориён ва халқ меоростаанд. Рўзи Меҳргон дастархоне аз матои сурх (арғувонӣ) мегустурданд ва онро бо нонҳои аз зироати ҳамон сол рўйида оро медоданд. Одамон аз ҳафт навъи зироат нон мепухтанд: аз гандум, ҷав, арзан, ҷуворӣ, наск, биринҷ ва лўбиё. Гоҳо шумораи навъи онро ба дувоздаҳ ҳам мерасонидаанд: аз қабили найшакар (ё шакар), турунҷ (мевае аз ҷинси лимў ва афлесун), себ, биҳӣ, анор, санҷид, ангури сафед ва меваҳои гуногуни нав хушккардашуда. Инчунин рўйи хон меваҳои тару тоза, шохҳои гулу шакару беду зайтун, анору муруд ва коҷ (навъе аз сарв) мегузоштаанд. Ҳар маводу хўрокаи болои хон рамзи хоси худро дошт: шакар – ширин гузаронидани умр, хурмо–серҳосилӣ ва лаззати зиндагӣ, бўйи хуш, гули нилуфар – ҳатто дар об реша доштан, норгил ё чормаѓз – сахт будани тан ва сермаѓзӣ, ҷавзи ҳиндӣ – пурборӣ, муруд – хушии зиндагӣ, пуртоқатӣ ва серборӣ, ҷоми тиллоӣ – шаҳомат, покӣ, баракат, анор – серфарзандӣ, равѓани зайтун – хушбўйӣ.

Дар атрофи дастархон суханони некро оид ба файзу баракат, афзоишу шодмонӣ ва панду андарзҳоро менавиштаанд. Ба шоҳони Сосонӣ рўйи лаълии калони заррин шакар, ҷавзи ҳиндӣ, хурмои тоза, чормағзи ҳиндӣ ё норгил ва дар ҷомҳои тиллоӣ шири навдўшида ва машрубот пешкаш менамудаанд. Анъанае низ будааст, ки одамон дар рўзи Меҳргон ба тани худ равғани бон (зайтун) молида, ба наздиконашон гулоб мепошидаанд, то тамоми сол, яъне то Меҳргони нав сиҳату саломат ва сарбаланду зиндагиашон чун гулоб пурнакҳат бошад.

Ҷашни Меҳргон, яъне ҷашни ҳосилотро деҳотиён дар хонаводаву деҳкадаи худ ҷашн мегирифтанд ва баъдан ба шаҳр омада, ҳосили дасти худро ба шаҳриён пешниҳод мекарданд.

Қаҳрамони асосии ин ҷашн Бобои Деҳкон ва Модар аст, вале асли иди Меҳргон ин иди Модар – Замин ва Оила аст. Ин иди тоисломие буд, ки онро худованди обу тимсоли модарӣ — Анаҳито парасторӣ мекард.

Моҳияти таҷлили ин ҷашни бузург маънои ҷамъбасти кори кишоварзон, бурду бохти онҳо дар натиҷагирии ҳосилот ва билохира омодагии мардум ба фасли зимистон ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Сониян, ҷашни мазкур имкон медиҳад, ки шаҳру деҳот ба ҳам наздик шаванд, зеро ташкили намоиш ва фурўши маҳсулоти кишоварзӣ аз ноҳияҳои заминкор барои тарғиби санъати кишоварзӣ ва таъминоти мардуми шаҳр бо маҳсулоти тару тоза ва таҳкими дўстиву рафоқат хеле муфид хоҳад буд.

Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки барои дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ баргузор намудани он тадбирҳои ҷиддӣ андешанд. Мо бояд ба он муваффақ гардем, ки ҷашни Меҳргон чун ҷашни Наврўз дар зеҳни мардум ҷой гирад.

Мехостем дар анҷом суханони ҳикматомези Пешвои миллатро оид ба зарурати ҷашни Меҳргон ёдовар шавем: «Амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад».

Ҷашни Меҳргонро барои мардуми заҳматкаши тоҷик муборакбод мегўем!

Муҳиддин ПАЙШАНБЕЗОДА,
Шуҳрат АЗИЗЗОДА,
мушовирони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2022 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад