МУБОРИЗА БО ХАБАРҲОИ ҚАЛБАКӢ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ НАҚШИ ИТТИЛОИ РАСМӢ ВА САҲЕҲ. Агентиҳои иттилоотӣ — аъзои ОАNА аз рӯи натиҷаҳои кори Маҷмаи Умумӣ дар Эрон эъломия қабул намуданд

Октябрь 26, 2022 19:30

ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи 18-уми Маҷмаи Умумии Созмони агентиҳои иттилоотии давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (Organization of Asia-Pacific News Agencies, OANA) рӯзи сешанбе дар пойтахти Эрон бо қабули эъломияи Теҳрон ба анҷом расид. Ёдовар мешавем, ки дар кори ҷаласа ҳайати Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат намуд.

Дар ҳуҷҷати ҷамъбастӣ таъкид шудааст, ки дар шароити пандемияи COVID-19, ки ба усулҳои анъанавии паҳн ва нашри ахбор бархе маҳдудият ҷорӣ гардид, ташкилоти ВАО стратегияҳои нав таҳия ва аз технологияҳои муосир истифода намудаанд. Агентиҳои аъзо ният доранд, ки дар доираи OANA табодули таҷрибаро идома диҳанд.

Аъзои OANA содиқ будан ба оинномаи созмон ва иҷрои ҳадафҳои онро тасдиқ карданд. Онҳо ҳамчунин азми худро ҷиҳати мусоидат ба ҳамкорӣ миёни агентиҳои иттилоотӣ барои мубориза бо хабарҳои бардурӯғ ва баланд бардоштани эътимоднокии маълумот ва маводи хабарӣ баён доштанд.

Агентиҳо тасдиқ карданд, ки намегузоранд манфиатҳои сиёсӣ ба вазифаи касбии онҳо ҷиҳати сари вақт хабардор кардан аз рӯйдодҳои воқеӣ таъсири манфӣ расонанд.

Маҷмаи Умумӣ дар Теҳрон

Дар нишасти 18-уми Маҷмаи Умумии ОАNА раисӣ ба муддати се сол аз «Yonhap»-и Кореяи ҷанубӣ ба Агентии иттилоотии Ҷумҳурии Исломии Эрон (ИРНА) гузашт. Иштироккунандагони нишаст ТАСС-ро ташкилкунандаи Маҷмаи Умумии 20-уми ҷашнии ОАNА, ки соли 2025 дар Москва барпо мегардад, интихоб карданд. ТАСС ҳамчунин якҷоя бо агентиҳои «Yonhap» (ФР), «Синхуа» (ҶМЧ), «Анадолу» (Туркия) ва «Азертаҷ» (Озарбойҷон) ноиби президенти ОАNА интихоб шуд. Ҳамин тариқ, шумораи ноиб-президентон бо шумули агентии Рёнхап, ки ба таври худкор ноиби президент шуд, ба панҷ адад расонида шуд. ТАСС ва «Анадолу» моҳи ноябри соли 2020 «Барои дастовардҳои барҷаста дар солҳои 2018-2019» бо ҷоизаи OANA сазовор дониста шуданд. Маросими супоридани ҷоиза мебоист соли 2020 баргузор мешуд, аммо бинобар пандемия он танҳо имсол сурат гирифт.

Мулоқот бо Президенти Эрон

Дар чаҳорчӯби ҷаласаи Маҷмаи Умумӣ Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ бо сарони ҳайатҳо мулоқот намуд. «Рисолати ВАО-и минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором аз ҳифзи истиқлолият ва ҳувияти кишварҳо, бавижа дар минтақаи мо иборат аст,- гуфт вай. — Имрӯз мо дар ҷаҳони иттилоот ва иртибот зиндагӣ мекунем, ки дар он ба фарҳанги миллатҳо, бавижа мамлакатҳои мустақил ҳамлаҳои зиёд мушоҳида мешаванд. Душманон мехоҳанд кишварҳоро аз ҳувиятияташон маҳрум созанд, то дар ҷаҳон ва минтақа кишвари мустақил набошад». «Воситаҳои ахбори омма бояд ба ҷараёни дурӯғ муқобилат кунанд, <…> арзишҳои инсондӯстиро ҳифз намоянд, шаъну шарафи инсонӣ ва адолатро ҳимоя кунанд»,-афзуд Раисӣ.

Дар ҳошияи форум Директори АМИТ «Ховар» бо Директори генералии ТАСС Сергей Михайлов, Директори иҷроияи ИРНА (ҶИЭ) Алӣ Нодирӣ, Директори генералии Агентии телеграфии Булғористон (АТБ) Кирилл Вилчев, роҳбарони ҳайатҳои «Азертаҷ» (Озарбойҷон), ВИА (Ветнам), МОНЦАМЭ (Муғулистон), Рёнхап (Ҷумҳурии Корея), инчунин агентиҳои иттилоотии Ироқ ва Филиппин суҳбат намуд.

Дар доираи Маҷмаи Умумӣ интихоботи агентии навбатӣ- президенти ОАNА баргузор гардид. Ин созмонро то соли 2025 хабаргузории эронии ИРНА раҳбарӣ менамояд.

АМИТ «Ховар»- меҳмони фахрии Маҷмаи Умумӣ

Ҳайатҳои АМИТ «Ховар» (Тоҷикистон), АТБ (Булғористон), инчунин баъзе кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, ки ҳанӯз узви ОАNА нестанд, дар ҷаласаи 18-уми Маҷмаи Умумии ин созмон ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок намуданд. Директори генералии Агентии телеграфии Булғористон Кирилл Вилчев ҳамчунин президенти Конгресси умумиҷаҳонии агентиҳои иттилооотӣ (КУАИ) маҳсуб мешавад. Саидалӣ Сиддиқ, Директори АМИТ «Ховар» — яке аз агентиҳои иттилоотии пешрафтаи минтақа аз раиси амалкунандаи ОАNА, Директори иҷроияи ИРНА Алӣ Нодирӣ барои узви баробарҳуқуқи Созмони агентиҳои иттилоотии Осиё ва Уқёнуси Ором гардидан пешниҳоди расмӣ гирифт. Овоздиҳӣ барои қабули АМИТ «Ховар» дар Маҷмаи Умумии 19-уми ОАNА баргузор мешавад.

Намоишгоҳи аксҳои «Ҷаҳон бидуни коронавирус»

Намоишгоҳи аксҳои «Ҷаҳон бидуни коронавирус» ба кори Маҷмаи Умумии OANA бахшида шуд. Ҳар агентӣ – узви созмон ба лоиҳа 10 акс пешниҳод кард, ки дар бораи чӣ гуна ба ҳаёт баргаштани одамон пеш аз пандемия нақл мекарданд. Наворҳое, ки ба экспозитсия дохил карда шудаанд, аз ҷониби хабарнигор-аккосони агентиҳо солҳои 2021-2022 гирифта шудаанд. Онҳо қадамҳои аввалини пандемияи COVID-19, оқибатҳои он, инчунин воқеаҳоеро, ки бори аввал аз соли 2019 бидуни маҳдудияти ковидӣ гузаштанд, бозгӯӣ менамоянд.

ОАNА

Созмони агентиҳои иттилоотии Осиё ва Уқёнуси Ором (OANA) соли 1961 бо ташаббуси ЮНЕСКО таъсис ёфтааст. Ҳадафи он- пешбурди фаъолонаи нуқтаи назари қиёсӣ оид ба рӯйдодҳои ҷаҳонӣ ва ҷонибдории ғояи ҷаҳони бисёрқутбӣ мебошад. OANA зиёда аз 40 агентии иттилоотиро аз 35 кишвари ҷаҳон муттаҳид мекунад ва бузургтарин созмони ВАО дар ҷаҳон маҳсуб мешавад: ба кишварҳои узви OANA аз се ду ҳиссаи тамоми ҷараёни иттилоотии ҷаҳон рост меояд.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/Парвиз Файзуллозода

 

 

Октябрь 26, 2022 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба рушди соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг шинос шуданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳристони Ҳулбук шинос мешаванд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар Бохтар Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» оғоз мегардад
«Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Аз 10 то 14 май Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» доир мегардад
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
ЁДИ ШОИР. Дар Ҳисор ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ доир шуд
7 МАЙ — РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА. Рушди соҳаи иттилоот ва алоқа дар Тоҷикистон ба рақамикунонии миллӣ равона гардидааст

Маводҳои таҳлилӣ