НАТИҶАИ АМАЛИЁТИ ШАРТИИ «КОРД». Дар Душанбе содиршавии ҷинояти гурӯҳӣ бо истифодаи яроқи сард ба қайд гирифта нашудааст

Октябрь 10, 2022 16:15

ДУШАНБЕ, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи 9 моҳи соли  равон содиршавии ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон дар шаҳри Душанбе коҳиш ёфтааст. Дар ин муддат дар  пойтахт содиршавии ҷинояти гурӯҳӣ бо истифодаи яроқи сард умуман ба қайд гирифта нашудааст, ки ин натиҷаи хуби баргузории амалиёти шартии «Корд» мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

7 октябр дар Раёсати ВКД ҷаласаи фаврӣ-хизматии мақомоти милитсияи пойтахт оид ба натиҷагирии фаъолияти милитсияи шаҳри Душанбе дар давраи 9 моҳи соли  равон таҳти роҳбарии сардори Раёсат Бароталӣ Ҳамидзода баргузор гардид.

Дар натиҷаи пешбурди чорабиниҳои пешгирикунанда, санҷишу амалиёт ва мулоқоту суҳбатҳои судманд содиршавии ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонон коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, аз ҷониби ноболиғон 94 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 адад ва ё 30,8% кам мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди пойтахт ҷинояткорӣ миёни ҷавонон низ ба андозаи 18,2% коҳиш ёфтааст, ки ин аз баланд гардидани маърифати ҳуқуқиву шаҳрнишинӣ ва маданияту фарҳанги шаҳрдорӣ миёни ин табақаи пешбарандаи ҷомеа шаҳодат медиҳад.


Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таваққуфи нодуруст дар қатори дуюму сеюми роҳ ва ба ин тартиб ба таври сунъӣ ба миён овардани танбашавии воситаҳои нақлиёт ва дигар мушкилоти ҷойдошта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати сари вақт бартарафсозии онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд.

АКС: РВКД дар ш. Душанбе

Октябрь 10, 2022 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид