ОБУ ҲАВО. 25 ва 27 октябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳи Тоҷикистон сар задани зуҳуроти селӣ дар назар аст

Октябрь 25, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 25.10.2022 /АМИТ «Ховар»/.  25 ва 27 октябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳи вилоятҳои Суғд (ноҳияи Панҷакент), Хатлон (ноҳияи Ш.Шоҳин), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Рашт, Сангвор) ва ғарби ВМКБ (ноҳияи  Дарвоз) эҳтимоли сар задани зуҳуроти селӣ дар назар аст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо шабона дар ноҳияҳои ғарбии вилоят баъзан борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа  гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво  тағйирёбанда шуда, шабона дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф  ба амал омада, рӯзона ҳавои асосан бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм,  рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои  тағйирёбанда, шабона дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5+10  дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида боридани боран дар назар аст. Дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр боридани  барф  пешгӯӣ мешавад. Рӯзона бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10  дараҷа гарм, рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал меояд. Рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9+11 дараҷа ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 25, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст