ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар бештари маҳаллаю деҳоти шаҳри Ҳисор нуқтаҳои сайёри фурӯши ангишт фаъолият мекунанд
ДУШАНБЕ, 29.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 имрӯзҳо корҳои омодагӣ ба анҷом расонида мешаванд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» барои фаҳмидани корҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ бо муовини Раиси шаҳри Ҳисор, ҳамзамон Раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 Аҳмадҷон Исматуллозода мусоҳиба анҷом дод, ки пешкаши хонандагони сомона мегардонем.
АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Аҳмадҷон Исматуллозода, корҳои омодагӣ барои гузаронидани давраи зимистони солҳои 2022-2023 дар шаҳри Ҳисор дар кадом сатҳ ҷараён доранд?
Аҳмадҷон Исматуллозода: Вобаста ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 «Оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» қарори Раиси шаҳри Ҳисор аз 22 апрели соли 2022 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» ба тасвиб расидааст. То ин муддат омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистон хуб ҷараён доранд. Масъулини Ситоди шаҳрӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 тамоми тадбирҳоро меандешанд, ки дар фасли сармо мушкилоти ҷиддӣ ба миён наоянд.
АМИТ «Ховар»: Дар ҳудуди шаҳр, аниқтараш минтақаи Алмосӣ конҳои ангиштсанг мавҷуданд. Захираҳои дохилӣ то чӣ андоза истифода мешаванд?
Аҳмадҷон Исматуллозода: Вобаста ба истифодаи захираҳои дохилии ҳудуди шаҳр бояд гуфт, ки давоми соли равон аз конҳои ангишсанги дар минтақаи Алмосии шаҳри Ҳисор қарордошта аз ҷониби ҶДММ «Ганҷ и Ко» 7500 тонна ангиштсанг истихроҷ гардид. Ин миқдор сӯзишворӣ баҳри эҳтиёҷ ва талаботи аҳолии шаҳр ва ташкилоту муассисаҳо барои захира ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода дастрас гардонида шуд. Бо вуҷуди ин мувофиқи имконият аз дигар конҳои ҷумҳурӣ низ дар анборҳо ангишт захира карда мешавад.
АМИТ «Ховар»: Дар шаҳри Ҳисор масъалаи гармидиҳии иншооти давлатӣ- мактаб, боғчаҳои кӯдакона, корхона ва дигар иншоот чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? Оё корҳо дар ин самт қонеъкунандаанд?
Аҳмадҷон Исматуллозода: Ба ҳолати 10 октябри имсол дар муассисаҳои таълимии шаҳр 1617,3 тонна ангишт ё ин ки 70 фоизи нақша, 421 метри кубӣ ҳезум ё ин ки 39 фоизи нақша ва 1021 литр сўзишвории дизелӣ ё баробари 14 фоизи нақша таъмин гардидааст. Дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 191,6 тонна ангишт ё ин ки 100 фоизи нақша, 86 метри кубӣ ҳезум ё ин ки 101,2 фоизи нақша ва 1525 литр сӯзишвории дизелӣ ё 127 фоизи нақша таъмин гардид. Инчунин 3 буғхона дар ҳолати корӣ қарор дошта, беш аз 34 адад генараторҳои барқтаъминкунӣ омода карда шудаанд. Ҳамзамон дар соҳаи фарҳанги шаҳр низ захираи ангиштсанг пурра иҷро шудааст. Дар айни ҳол барои таъмини пурраи муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр бо ангишт шартномаҳо бо корхонаи фаръии Шахтаи «Фон-Яғноб», ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Ҳуррият», «Суҳайл», «Сипарони Ватан», «Меҳровар», «Тоҷикомплектсервис» ва ҶДММ «Ганҷ и Ко» ба имзо расида, аз ҷониби таъминотчиён кашонидани ангишт ба муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад.
АМИТ «Ховар»: Дар ҳудуди шаҳр солҳои охир корҳои ободонӣ вусъати тоза пайдо карда, дар қатори дигар иншоот имрӯзҳо биноҳои замонавии истиқоматии баландошёна низ ба истифода дода мешаванд. Мегуфтед, ки ҳолати ба давраи зимистон омода будани ин биноҳо чӣ тавр аст? Нақшае ҳаст, ки шабакаҳои гармидиҳии биноҳои баландошёна, ки замони пеш дегхона («котельная») меномиданд, аз нав фаъол гарданд? Барои сохтан ва ё барқарорсозии чунин шабакаҳо, ки замони Шӯравӣ кор мекарданд, ягон иқдом пеш гирифта шудааст?
Аҳмадҷон Исматуллозода: Солҳои охир аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар шаҳр биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, ки ин симои шаҳрро зебову замонавӣ мегардонад. Дар ҳудуди ин биноҳои баландошёна бунёди шабакаҳои гармидиҳӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳолати амалӣ шудани он мушкилоти сокинон аз норасоии гармӣ рафъ хоҳад шуд. Албатта, он рӯз дур нест, ки ин нақшаҳо амалӣ шаванд. Нуктаи дигарро бояд зикр намоям, ки чанде пеш аз зеристгоҳи 110-киловолтаи «Хонақоҳ» то маркази шаҳраки Ҳисор хати нави 10-киловолтаи барқ васл карда шуд. Ин имкон медиҳад, ки масъалаи таъминоти барқ дар биноҳои навбунёди баландошёна, ки дорои марказҳои хизматрасонӣ мебошанд, инчунин биноҳои маъмурии давлатӣ, беморхонаи марказӣ, маркази саломатии шаҳрӣ ва дигар иншооти муҳим бо васли хатҳои нав ҳал ва беҳтар ба роҳ монда шавад.
АМИТ «Ховар»: Дар масъалаи таъсиси нуқтаҳои фурӯши ангиштсанг барои аҳолӣ бо нархи нисбатан дастрас чӣ тадбирҳоро рӯи даст гирифтаед?
Аҳмадҷон Исматуллозода: Бо мақсади таъмини аҳолии шаҳр бо маводи сӯхт, аз ҷумла ангиштсанг аз ҷониби соҳибкорони алоҳида дар қисми зиёди маҳаллаю деҳаҳои шаҳр фаъолияти нуқтаҳои сайёри фурӯши ангишт ба роҳ монда шудааст. Ин имконият фароҳам меорад, ки барои шаҳрвандон ангишти босифат дастрас карда шавад. Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 114 нуқтаи сайёри фурӯши мавсимии ангиштсанг ва 82 нуқтаи фурўши гази моеъ фаъолият мекунанд. Ин тадбирҳо бо мақсаде андешида шудаанд, ки дар давраи зимистон аҳолии шаҳри Ҳисор ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нагарданд.
Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор