ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Бадахшон дар нуҳ моҳ 24 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба истифода дода шудаанд
ДУШАНБЕ, 15.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 24 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 216 ҷойи кор ба истифода дода шуданд. Дар ин бора зимни машварати васеи назди Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зикр гардид, хабар доданд ба АМИТ “Ховар” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.
Дар машварат масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нуҳ моҳ ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли 2022 бояд 30 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 407 ҷойи нави кор мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.
Ҳамзамон дар ин замина барои дар панҷ соли оянда таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор дар ҳудуди вилоят бунёди 92 корхонаи саноатӣ бо 1437 ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст.
Акс: МИҲД ВМКБ








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд






