Пешвои миллат: «Баъди татбиқи пурраи лоиҳа иқтидори лоиҳавии НБО «Норак» аз 3000 ба 3375 мегаватт расонида мешавад»

Октябрь 24, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 24.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барои амалисозии марҳилаи якуми лоиҳа то имрӯз қариб 3 миллиарду 300 миллион сомонӣ ва барои марҳилаи дуюми он 1 миллиарду 120 миллион сомонӣ ҷалб гардидааст. Чунин изҳор доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Норак.

«Дар доираи марҳилаи якуми лоиҳа иваз кардани се агрегат, 6 трансформатор, таҷдиди дастгоҳи тақсимоти кушода ва иҷрои корҳо вобаста ба таъмин намудани бехатарии сарбанд, дар доираи марҳилаи дуюм иваз кардани 6 агрегати боқимонда, таъмири бинои неругоҳ ва хариди техникаву таҷҳизоти зарурӣ пешбинӣ шудааст»,- тазаккур доданд Пешвои миллат.

Ба андешаи Президенти мамлакат, баъди татбиқи пурраи лоиҳа иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 3000 ба 3375 мегаватт расонида шуда, бо дарназардошти тавоноии барқароршаванда ва 375 мегаватт иқтидори иловагие, ки дар натиҷаи таҷдид ба даст меояд, иқтидори кории неругоҳ 775 мегаватт зиёд мешавад. Ин имкон медиҳад, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ дар неругоҳ бамаротиб беҳтар шуда, таъминоти аҳолии кишвар ва соҳаҳои иқтисодӣ бо неруи барқ хеле боло равад. Яъне бо анҷом ёфтани корҳои таҷдиду навсозии пурраи неругоҳ иқтидорҳои барқароршаванда ва иқтидорҳои наве, ки дар асоси истифодаи технологияҳои пешрафта ба вуҷуд меоянд, аз иқтидори лоиҳавии Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда – 1», ки 670 мегаватт мебошад, зиёдтар мешавад.

«Имрӯз агрегати якуми неругоҳ бо иқтидори 375 мегаватт ва бо арзиши қариб як миллиард сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иқтидори агрегати мазкур қаблан 335 мегаватт буда, баъди навсозӣ 40 мегаватт зиёд гардид»,- таъкид карданд Сарвари давлат.

Гуфта шуд, ки танҳо аз ҳисоби 40 мегаватт боло рафтани тавоноии агрегати зикршуда истеҳсоли солонаи неруи барқ дар ҳаҷми 160 миллион киловатт – соат зиёд мешавад. Баъди пурра ба охир расидани таҷдиди неругоҳ, бо дарназардошти 375 мегаватт боло рафтани иқтидори он истеҳсоли солонаи барқ дар НБО «Норак» 1,5 миллиард киловатт – соат зиёд мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 24, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид
Масоили соҳаи роҳсозӣ ва роҳдорӣ дар Осиёи Марказӣ дар Конфронси панҷуми байналмилалии CARS-2026 дар Душанбе баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши андозии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
«Shohin Airlines» як ҳавопаймои навъи L-410-ро вориди парки ҳавопаймоҳояш намуд
Дар Брест ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои ИДМ баргузор гардид
Форуми «CAPIF-5» дар Душанбе ба таҳкими пайвастагии рақамӣ ва рушди ҳамкории интернетии Осиёи Марказӣ бахшида шуд
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Лорд Ҷон Алдердайс самтҳои афзалиятноки соҳаҳои идоракунии молияи давлатӣ ва рақамикунониро баррасӣ намуданд