Масоили соҳаи роҳсозӣ ва роҳдорӣ дар Осиёи Марказӣ дар Конфронси панҷуми байналмилалии CARS-2026 дар Душанбе баррасӣ гардид

Сентябрь 24, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии роҳсозии Осиёи Марказӣ -2026 /Central Asian Road Conference, CARS-2026/ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар». Ин чорабинии сатҳи баланд нахустин маротиба мутахассисони варзидаи соҳаи роҳсозиро аз Осиёи Марказӣ, Русия, Гурҷистон, Чин, Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Италия, Амрико ва дигар кишварҳои ҷаҳон ҷамъ овард.

Шурои байниҳукуматии роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Технологияҳои Инноватсионии Роҳ» (InDorTech)-и Русия аз созмондиҳандагони Конфронси панҷуми байналмилалии роҳсозии Осиёи Марказӣ -2026 /CARS-2026/ мебошанд.

Ҳадафи асосии конфронс барқарор намудани робитаҳо байни иштирокчиёни бозори байналмилалии роҳсозӣ, табодули таҷриба ва дониш, муҳокимаи масъалаҳои мубрами соҳаи роҳ, муаррифии технологияҳо ва маҳсулоти баландсифат дар соҳаи роҳсозӣ, технологияҳои инноватсионӣ, муайян кардани роҳҳои рушди инфрасохтори устувори роҳ дар минтақа мебошад.

Зимни ифтитоҳи Конфронси панҷуми байналмилалии роҳсозии Осиёи Марказӣ-2026 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода, Раиси Шурои байниҳукуматии роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақи Бӯрӣ Каримов суҳан намуда, баргузории конфронси байналмилалиро дар самти роҳсозӣ, истифодаи технологияҳои нави инноватсионӣ ва рушди соҳаи роҳдорӣ дар Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, идораҳои роҳдорӣ, ширкатҳои роҳсозию консалтингӣ, истеҳсолкунандагони мавод ва таҷҳизот, пудратчиён, муҳаққиқон, мушовирон ва коршиносони байналмилалӣ, инчунин олимони соҳаи роҳдорӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи роҳдорӣ ва логистикӣ, мубодилаи таҷриба, истифодаи васеи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ ва дигар масоили марбут ба роҳдориро дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд. Онҳо ҳамчунин самтҳои ояндаи рушди инфрасохтори устувори роҳҳоро дар минтақаи Осиёи Маркаpӣ муайян карданд.

Интизор меравад, ки иштирокдорон дар доираи конфронси байналмилалӣ мустақиман бо ҳамкорони худ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон мулоқот намуда, дар бораи лоиҳаҳои ҷорӣ маълумот гиранд ва шарикони нав пайдо намоянд.

Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ -CARC 2026 барои муттаҳид кардани намояндагони вазоратҳои марбута, ассотсиатсияҳо, истеҳсолкунандагони таҷҳизот ва маводи роҳсозӣ, таъминкунандагони битум, пудратчиён, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва дигар иштирокчиёни бозори роҳсозии Осиёи Марказӣ майдони густурда ва фарох мебошад.

Дар ҷаласаҳои Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ -CARC 2026 масъалаҳои мубрами сохтмони роҳҳо, таҷдид ва истифодаи онҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, соҳаи роҳсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ислоҳот ва маблағгузорӣ баррасӣ шуданд. Ҳамзамон дар бахшҳои конфронс мавзуъҳо оид ба сифати битумҳои роҳ, полимер-модификатсияи битумҳо, таҷҳизоти муосир барои истеҳсол ва хобондани асфалту бетон, рақамикунонӣ ва роҳҳои «ҳушманд», стратегияи ESG ва инфрасохтори «сабз» муҳокима гардиданд.

Дар доираи Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ-CARC 2026 ҳамчунин маросими ҷоизасупории озмуни соҳавӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика ҷамъбаст гардида, ба ғолибони озмуни соҳавӣ ҷоизаҳо супорида шуданд.

Иштирокдорони конфронс инчунин Намоишгоҳи CARC-2026-ро, ки дар он технологияҳои пешрафтаю муосири марбут ба сохтмон, таҷдид, таъмир ва истифодаи роҳҳҳо ва маҳсулоти гуногуни роҳсозӣ ва таҷдиди роҳҳо ба намоиш гузошта шуда буданд, тамошо намуданд.

Конфронси CARC-2026 дар шаҳри Душанбе то 26 сентябр идома меёбад.

Интизор меравад, ки иштирокдорони Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ -CARC 2026 аз якчанд иншооти муҳими стратегӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди «Обигарм–Нуробод», Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва «Кохи Наврӯз» боздид намоянд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ»Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 24, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст