Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши андозии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи XXV Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши андозии (молиявии) кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори он аз Тоҷикистон намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳо оид ба фаъолияти мақомоти тафтиши андозии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти таъмини амнияти иқтисодӣ, таҳкими ҳамкории амалии мақомоти дахлдор, мубодилаи таҷриба ва андешаҳо оид ба роҳҳои самараноки муқовимат ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории дорои хусусияти фаромиллӣ, инчунин иҷрои қарорҳои қаблан қабулгардидаи Шуро баррасӣ гардиданд.
Яке аз масъалаҳои муҳими ҷаласа ба такмили механизмҳои муқовимат ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, ошкор намудани тарҳҳои нави ҷиноятӣ ва амалӣ намудани усулҳои муосири тафтиши молиявӣ бахшида шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Ҷаласаи XXV Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши андозии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои идомаи ҳамкории мақомоти дахлдори кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак, мубодилаи таҷриба ва истифодаи усулҳои муосир дар самти муқовимат ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва таъмини амнияти иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар доираи ҷаласа инчунин вохӯрии ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ, тақвияти робитаҳои муштарак барои ошкор ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, табодули таҷрибаҳои муосир ва дигар масъалаҳои қобили диққати тарафҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






