Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Октябрь 21, 2022 11:48

ДУШАНБЕ, 21.10.2022  /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои зикршударо доир ба вазъи корҳо дар самти ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка ва мева шуниданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони ноҳияҳои зикршуда оид ба ҷамъоварии саривақтию беталафи маҳсулоти кишоварзӣ, омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода ва захираи маводи сӯзишворӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Октябрь 21, 2022 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд