Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак бинои Маркази адлияро ба истифода супориданд

Октябрь 24, 2022 08:30

ДУШАНБЕ, 24.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон идома ёфт.

Дар шаҳри Норак нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази адлияро ба истифода супориданд.

Бинои Маркази адлия бо тарҳи меъмории миллӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлия ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шуда, аз таҳхона ва 4 ошёна иборат аст.

Дар ошёнаи якуми бинои Маркази адлия равзанаи ягона, китобхона ва толори ақди никоҳ ҷойгир мебошанд. Дар равзанаи ягона дастгоҳу таҷҳизоти иттилоотии рақамӣ васлу насб гардидаанд, ки мутахассисони касбӣ бо истифода аз низоми электронӣ ҳамаи дархосту муроҷиати шаҳрвандонро дар фурсати кӯтоҳ шаффофу босифат иҷро менамоянд.

Дар китобхонаи Маркази адлия асарҳои Пешвои миллат, теъдоди зиёди осори назмию насрии адибони маъруфи тоҷик, адабиёти ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои соҳавӣ мавҷуданд, ки аз ин махзани илму маърифат кормандони мақомоти адлия ва сокинони шаҳр баҳрабардорӣ мекунанд. Толори ақди никоҳ барҳаво буда, вобаста ба маросими баргузоршаванда оро дода шудааст. Дар толори мазкур барои қайди ақди никоҳи навхонадорон шароити муосир фароҳам мебошад.

Дар ошёнаи дуюми бино ҳуҷраҳои корӣ барои кормандони Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои кории Идораи нотариалии давлатӣ, Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” ва Нозироти корҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар шаҳри Норак ҷойгир мебошанд. Дар ошёнаи чорум меҳмонхонаи замонавӣ сохта шудааст, ки бо 4 ҳуҷраи барҳаво барои 8 нафар пешбинӣ гардидааст. Ҳуҷраҳои меҳмонхона стандартӣ ва люкс буда, дорои шароити ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Дар таҳхонаи иншоот бойгонии Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Идораи нотариалии давлатӣ ҷойгир аст. Дар бойгонӣ китобҳои сабти аснод ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим дар шароити зарурӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Дар умум дар бинои Маркази адлияи шаҳри Норак 12 ҳуҷраи корӣ бо тамоми шароити зарурӣ, лифт ва ҳуҷраҳои техникию ёрирасон мавҷуданд.

Аснои шиносоӣ бо имконияти фароҳамгардида дар бинои мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки бо истифода аз шароити арзандаи корӣ кормандону мутахассисони мақомоти адлия бояд дар самти амалисозии босамари стратегияву барномаҳои давлатӣ, хизматрасониҳои саривақтиву босифат ба аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳукукии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи одобу маърифати оиладорӣ аз ҳарвақта дида бештар фаъолият намоянд.

Иншооти хуштарҳи навбунёд туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти адлия дар шаҳри Норак мебошад.
Ба истифода додани бинои Маркази адлия дар шаҳри Норак 24.10.2022

Октябрь 24, 2022 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ