Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюгеро ба ҳузур пазируфтанд

Октябрь 31, 2022 12:27

ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюгеро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз таҳкими ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, вохӯрии имрӯзаро фурсати муносиб барои идомаи муколамаи созанда арзёбӣ намуданд.

Зимни мулоқот оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, солимии аҳолӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон табодули андеша сурат гирифт.

Ба роҳбарияти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун шарики устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии ҳамагирии КОВИД-19 ва рафъи оқибатҳои он, бахусус кумакҳои он ниҳод ҷиҳати таъмини Тоҷикистон бо ваксинаҳои зидди ин бемории сироятӣ тариқи барномаи «КОВАКС» изҳори сипос карда шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар самти таҳия ва татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, «Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи рушди муассисаҳои давлатии табобатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025»-ро, ки барои рушди соҳаи тандурустӣ, дастрасии бештар ба хизматрасониҳои тандурустӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини таҷҳизоти муосири тиббӣ ва ғайра равона гардидааст, баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳамсозии инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат минбаъд низ татбиқи иқдомҳои заруриро идома хоҳад дод.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба гуфтугӯ сурат гирифт.

Пас аз анҷоми мулоқот Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи тандурустӣ, таъмини солимии ҷомеа ва талошҳои созанда ҷиҳати густариши робитаҳои Тоҷикистону Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, бо ҷоизаи Созмон сарфароз гардонданд.
Мулоқот бо Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге 31.10.2022

Октябрь 31, 2022 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд