Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Файсал ибни Фарҳон Оли Саудро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Саудро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди ду давлат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем.
Зимни мулоқот оид ба таҳкиму тавсеаи муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва баланд, робитаҳо дар самтҳои муҳими ҳамкорӣ, аз қабили бахши тиҷорату иқтисод, соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати сабук, сохтмон, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба ин бахшҳо, ки имкониятҳои зиёдро доро мебошанд, табодули андеша сурат гирифт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаи татбиқи босамари стратегияҳои миллии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи “Дидгоҳи — 2030”, ки бар нафъи мардумони ҳар ду кишвар амалӣ мегарданд, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба фаъолгардонии кори Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ, Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва Шӯрои соҳибкорони ду кишвар, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Зимни баррасии масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, вазъи сиёсии кишвари ба мо ҳамсояи Афғонистон, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои таъмини амният, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ ҳамкории судманд доранд ва таъкид шуд, ки кишвари мо аз узвияти Арабистони Саудӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳайси шарики муколама, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон сурат гирифт, истиқбол менамояд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд






