Прокурори генералӣ аз хатари «рахна»-и марзи Тоҷикистон ва Афғонистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дирӯз, 18 октябр дар конфронси байналмилалии зиддитеррористӣ дар Душанбе гуфт, марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳимояти ҷаҳонӣ аз терроризм ниёз доранд.
«Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои террористон осебпазир боқӣ мемонанд — бахусус Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст», — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Прокурори генералии Тоҷикистон, дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон созмонҳои террористии хатарноктарин, ки дар ҷаҳон маълуманд, фаъолтар мешаванд.
Юсуф Раҳмон ҳамчунин ҳушдор дод, ки бо дарназардошти тӯлонияти зиёд ва ҷойгиршавии мураккаби ин минтақа, вуруди террористон ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигар равшантар мешавад. Аз ин рӯ, мегӯяд ӯ, қарори ҳифзи марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ талошҳои муштараки байналмилалиро тақозо мекунад.
Прокурори генералии Тоҷикистон дар ҳамоиш ҳамчунин гуфт, ки дар зарфи се соли охир аз ҷониби неруҳои амниятии кишвар ҳудуди 250 зан ва фарзандони террористон ба хонаҳояшон баргардонида шуданд. Ҳамин тариқ, соли 2019, 84 кӯдак ва соли 2021, 40 зан ва беш аз 100 кӯдак баргардонида шуданд.
Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, бештари ҳамсарони ифротгароён бар хилофи хоҳишашон дар минтақаи ҷанг мондаву бисёре аз кӯдакон дар хориҷ ба дунё омадаанд. Вай гуфт, бо вуҷуди он ки дар кишвар барномаи офиятбахшӣ ва ҳамгироии чунин шаҳрвандон вуҷуд дорад, бархе аз занон намехоҳанд аз андешаҳои террористии худ даст кашанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ АМНТАРИНИ ДУНЁ. Дар шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот»-и «Gallup» Тоҷикистон мақоми якумро касб намуд
Дар Хатлон оид ба пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ҷиноятҳои ахлоқӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ тақвият медиҳанд
БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ. Рақамикунонӣ ва муҷаҳҳазгардонии кормандон бо бодикамераҳо ба нақша гирифта шудааст
Дар Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ кормандони ояндаи милитсияи тоҷик таҳсил мекунанд
Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд






