Прокурори генералӣ аз хатари «рахна»-и марзи Тоҷикистон ва Афғонистон хабар дод

Октябрь 19, 2022 11:40

ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дирӯз, 18 октябр дар  конфронси байналмилалии зиддитеррористӣ дар Душанбе гуфт, марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳимояти ҷаҳонӣ аз терроризм ниёз доранд.

«Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои террористон осебпазир боқӣ мемонанд — бахусус Тоҷикистон, ки  бо  Афғонистон ҳаммарз  аст», — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Прокурори генералии Тоҷикистон, дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон  созмонҳои террористии хатарноктарин, ки дар ҷаҳон маълуманд, фаъолтар мешаванд.

Юсуф Раҳмон ҳамчунин ҳушдор дод, ки бо дарназардошти тӯлонияти зиёд ва ҷойгиршавии мураккаби ин минтақа, вуруди террористон ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигар равшантар мешавад. Аз ин рӯ, мегӯяд ӯ, қарори ҳифзи марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ талошҳои муштараки байналмилалиро тақозо мекунад.

Прокурори генералии Тоҷикистон дар ҳамоиш ҳамчунин гуфт,  ки дар зарфи  се соли охир аз ҷониби неруҳои амниятии кишвар ҳудуди 250 зан ва фарзандони террористон ба хонаҳояшон  баргардонида шуданд. Ҳамин тариқ, соли 2019,  84 кӯдак ва соли 2021,  40 зан ва беш аз 100 кӯдак баргардонида шуданд.

Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, бештари ҳамсарони ифротгароён бар хилофи хоҳишашон дар минтақаи ҷанг мондаву бисёре аз кӯдакон дар хориҷ ба дунё омадаанд. Вай гуфт, бо вуҷуди он ки дар кишвар барномаи офиятбахшӣ ва ҳамгироии чунин шаҳрвандон вуҷуд дорад, бархе аз занон намехоҳанд аз андешаҳои террористии худ даст кашанд.

     АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 19, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
Ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ мегардад
Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Гулистон Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ доир мешавад
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд