«РАВАНДИ ДУШАНБЕ». Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм андешидани тадбирҳои заруриро тақозо мекунад

Октябрь 19, 2022 12:24

ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» ба кор оғоз намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ифтитоҳии худ таъкид намуданд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти вазъи мураккаби минтақа ба таҳкими доимии ҳифзи сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои пешгирии интиқоли ҷангҷӯёни террорист, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад».Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар паёми видеоӣ зикр кард, ки таҳдидҳои фаромарзӣ, аз қабили терроризм роҳҳалҳои ҳамоҳангшуда ва ҳамкории бисёрҷонибаро тақозо мекунанд». Ҳамчунин илова гардид, ки «онҳо моро водор месозанд, ки ба таври дастҷамъона амиқтар таҳқиқ намоем, то сабабҳо ва гиламандиҳои аслиро, ки барои тундгароӣ заминаи мусоид фароҳам месозанд, дарк созем ва ҳалли онҳоро дарёфт намоем».Хонум Ҳелга Мария Шмидт дар паёми видеоӣ чунин иброз дошт: “Дар солҳои охир хавфҳои фаромарзӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ ба таври фазоянда печидатар шуда, мушкилотро бо суръати ҳайратовар афзоиш медиҳанд. Ягон давлат наметавонад бо чолишҳо, ба мисли ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, хариду фурӯши одамон, терроризм ё қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ба танҳоӣ мубориза барад. Ҳамкории бештар ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам байналмилалӣ ҳатмӣ ба шумор меравад”.“Мудирияти ҳамаҷониба ва ҳамгироишудаи сарҳад ба хотири пешгирӣ ва муқобила бо таҳдиди терроризм муҳим аст. Барои мубориза бо терроризм таъсиси абзори қавии бисёрҷониба дар заминаи Созмони Милали Муттаҳид аҳамиятнок боқӣ мемонад. Ҳамчун ҳамраиси Форуми ҷаҳонии муқовимат ба терроризм Иттиҳоди Аврупо омода аст, то таҷриба ва равиши худро, ки ба қонунҳои ҳуқуқи инсон, башардӯстона ва паноҳандагон мувофиқ аст, мубодила намояд”, – гуфт Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Боррелл.

Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ В. Воронков тазаккур дод, ки “муқовимат ва пешгирии терроризм кори мураккаб аст, аммо агар ба таври муштарак тадбир андешем, муваффақ хоҳем шуд. Конфронси мазкур ба мо имкон медиҳад, ки дар бораи мушкилоти мавҷуда мулоҳиза ронем, роҳҳои ҳалли онро муайян кунем ва масиреро барои таҳкими ҳамкориямон дар мубориза бо терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати фаромарзии террористон дарёфт намоем”.Ҳадафи конфронс тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати таҳкими назорати сарҳадӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкорсозии ҳаракати террористҳо, минҷумла ҷангҷӯёни хориҷии террорист, муомилоти ғайриқонунии аслиҳаи хурд ва сабук, лавозимоти ҷангӣ, маводи таркандаи муқаррарӣ ва дигар муҳимоти ҷангӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин дар конфронс масъалаҳои татбиқи тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмини амният ва мудирияти сарҳад, адолати судӣ ва табодули иттилоот мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ва паноҳандагон баррасӣ мегарданд.Дар ҷаласаи ифтитоҳии сатҳи баланд зиёда аз 900 иштирокчӣ, бо шумули вазирон ва дигар шахсони расмии кишварҳои аъзои СММ, ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, коршиносон ва рӯзноманигорон ширкат намуданд.

Нишасти дурӯзаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид (UNOCT), Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Аврупо (ИА), Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Давлати Қатар ташкил гардид.

Конфронс ҷузъи таркибии “Раванди Душанбе” ба шумор меравад, ки соли 2018 дар пайи баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (Душанбе, 3-4 майи соли 2018) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ шудааст.

Маълумоти муфассал дар сомонаи расмии конфронс тариқи пайванди электронии зерин дастрас мебошад: www.dushanbectprocess.org.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ВКХ ҶТ/АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 19, 2022 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон аз тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он изҳори нигаронӣ намуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШИНОСНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истиқлолият
Эмомалӣ Раҳмон: «Ормону орзуи ҳар шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардида метавонад»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ таъсис дода шавад»
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН САРПАРАСТИ БОЗ ЯК ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Озмуни «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 баргузор карда мешавад
«ДАҲСОЛАИ АМАЛ БАРОИ ИЛМҲОИ КРИОСФЕРА, СОЛҲОИ 2025-2034»: Талоши созанда барои ҷаҳонӣ гардонидани илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ
ТАНҲО МУТОБИҚШАВӢ БА ИҚЛИМ КОФӢ НЕСТ. Гармои тӯлонӣ ва шадид зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд
33 СОЛИ ПУРСАМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Дар роҳи ватансозӣ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем!»
ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек дар ин маврид
Президенти Тоҷикистон ҳушдор доданд: «Эҳтимолан чанд соли оянда мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордии вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво гардем»
БА ТАЪСИСИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН» 30 СОЛ ПУР ШУД. 72 фоизи боркашонӣ дар мамлакат тавассути роҳи оҳан амалӣ мегардад