РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Конфронси дарпешистодаи СММ оид ба об 2023-раванди такондиҳанда барои рушди устувор

Октябрь 6, 2022 11:46

ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳадафи конфронси оби СММ дар соли 2023- ин, пеш аз ҳама, андешидани амалҳои муштарак ҷиҳати ноил шудан ба нақшаҳое, ки дар сатҳи байналмилалӣ оид ба об тасдиқ шудаанд, ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд ба ҳайси ҳамраиси конфронс, UNDESA ва СММ-Об ҳамчун котибони чорабинии мазкур ҳадаф доранд, ки Конфронси Оби СММ-2023-ро ба нуқтаи даврие табдил диҳанд, ки тамоми ҷаҳонро барои ноил шудан ба ҳадафҳои об муттаҳид карда тавонад. Чунин  ибрози андеша намудааст намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, узви гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ва баргузории Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2023 Саноӣ БОЙЗОДА зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар», ки шакли пурраи онро метавонед дар инҷо пурра мутолиа намоед.

Ба гуфти Саноӣ Бойзода, конфронси дарпешистода тавассути пешбурди қарорҳое, ки бо роҳи далелҳои илман асоснок ба даст оварда шудаанд, такмил додани дониш ва таълим, нишон додани муносибатҳои шарикии муваффақона, фаъолияти таблиғӣ- иттилоотии амалкардҳои шабакавӣ ба роҳ монда мешавад. Он имкон медиҳад, то ҳамкорӣ ва шарикӣ дар сатҳҳои гуногун мустаҳкам карда шавад.

Ҳадафи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»- ин беҳтар намудани ҳамкорӣ, шарикӣ, рушди иқтидор ва фаъолгардонии амалҳои ҷавобӣ ба Рӯзномаи СММ барои рушди устувор то соли 2030 мебошад.

«Об метавонад шарикони гуногунро ҳамчун манбаи маҳдуд ё ҳатто манбаи низоъҳо аз ҳам ҷудо созад, аммо об инчунин ҳамаи моро ба ҳам сарҷамъ меорад ва тавассути ҳамкории фарогир муносиботи шарикӣ эҷод мекунад. Барои ба роҳ мондани ин ҳамкории мутақобилан судманд ва таъмини амнияти об барои аҳли сайёра ба мо механизмҳои муассиртар – идоракунии об, маблағгузорӣ, арзёбӣ ва ҳамкорӣ зарур мешаванд»,-изҳор медорад С.Бойзода.

АКС аз бойгонии шахсии Саноӣ Бойзода

Октябрь 6, 2022 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд