Рисолати дипломатии Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 21.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Давлати Қатар Иброҳим ибни Муҳаммад ал Абдуллоҳро ба муносибати анҷоми рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суҳбат тарафҳо дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишварро дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ намуда, инчунин роҷеъ ба натиҷаҳои Конфронси амниятии Душанбе табодули назар карданд.
Сироҷиддин Муҳриддин ба сафир барои хизматҳои шоиста дар таҳкими муносибату ҳамкории дӯстонаву судманд миёни Тоҷикистону Давлати Қатар изҳори сипос намуд.
Ёдовар мешавем, ки 20 ноябри соли 2018 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд, ки дар ин маросим Сафири Давлати Қатар дар Тоҷикистон Иброҳим ибни Муҳаммад ал Абдуллоҳ низ иштирок дошт.
Акс: ВКХ ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






