«РОЗИ ФАЛАК». Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таҳти ин унвон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» таҳти унвони «Рози Фалак» бахшида ба Рӯзи Фалак ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.
Тавре дар донишкадаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён, кормандон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Зимни ҳамоиш ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ перомуни таърихи пайдоиши ин мусиқии нодири мардумӣ, ривоҷу равнақи он дар даврони соҳибистиқлолӣ ва шаклҳои мухталифи фалак баёни андеша намуд.
Фалак ҷузъи бостонии фарҳанги тоҷикон буда, чун жанри мусиқии суннатӣ аз замонҳои хеле куҳан вуҷуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусияти тоза касб намуд. Маҳфуми фалак ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардун, гардиши рӯзгор, сарнавишт ва амсоли инҳо мебошад. Аз ин лиҳоз, имрӯз жанри мусиқии фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷилову садои дилнишин танинандоз гардидааст.
Ректори донишкада ёдовар шуд, ки пайдоиши фалак аз минтақаи ҷанубу ғарбии кӯҳистони Тоҷикистон сарчашма мегирад. Бо мурури замон шаклҳои нави он, аз қабили фалаки даштӣ, фалаки роғӣ, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ, фалаки равона, фалаки ғарибӣ пайдо шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо бо зарбу усул ва оҳанг аз якдигар фарқ мекунанд. Асоси пайдоиш ва тавлиди ин фалакҳо аз мақоми фалаки роғӣ сарчашма гирифта, то ба даврони мо омада расидаанд.
Зикр шуд, ки фалак солҳои 20-уми қарни гузашта дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар ҳамбастагӣ рушд менамуд. Ин аст, ки имрӯз дар матн ва мусиқии он баъзе ҳамоҳангиҳо ба мушоҳида мерасанд.
Бо заҳмату талошҳои як идда донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ, аз ҷумла Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Карими Шиш, Акашариф Ҷӯраев, Ҳошими Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Мусаввар Минаков, Мамадато Таваллоев, Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Моҷон Назардодова, Нусайрӣ Одинаев, Ҳаким Маҳмудов, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманди Хол, Сафармуҳаммад Муродов, Дона Баҳром, Аслия Искандарова, Панҷшанбе Ҷорӯбов ва дигарон дар асри сипаригашта ва замони мо мусиқии фалак ривоҷу равнақ ёфт ва ниҳоят ҷаҳонӣ шуд.
Ин мусиқии нодири мардуми тоҷик 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шуд. Иқдоми мазкур ҷиҳати ҳифз ва оммавӣ намудани мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Имрӯзҳо анъанаи эҷодию иҷроии фалаксароӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон мавриди тадрису омӯзиш қарор гирифта, устодону донандагони мардумии ин жанри шеърию мусиқӣ ба донишҷӯён нозукиҳои онро меомӯзонанд.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон








РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАССОМОН. Ин ҳунар дар Тоҷикистон беш аз ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадааст
«ҲИФЗИ МЕРОС». Бо мақсади муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллати тоҷик маҷаллаи илмӣ ба нашр расид
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат барномаи фарҳангӣ доир шуд
«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид
Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид
Дар Эрон Фестивали байналмилалии «Фаҷр» баргузор гардид
Сокинони шаҳри Бӯстон соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мегарданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ шуданд
Ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия бо мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос шуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ меёбанд






