«РУБЕЖ-2022». Дар Тоҷикистон марҳилаи фаъоли машқҳои муштарак оғоз ёфт

Октябрь 18, 2022 11:19

ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар машқгоҳи «Ҳарбмайдон»-и Тоҷикистон марҳилаи фаъоли тамриноти муштараки «Рубеж-2022» оғоз шуд, ки то 21 октябр идома меёбад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мавзӯи машқҳо «Омодагӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангӣ аз ҷониби Неруҳои дастҷамъонаи зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ (НДЗ МОМ) барои нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави кишварҳои узви СААД ворид шудаанд», мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи машқҳо Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ — муовини аввали Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, сардори ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров, муовини Котиби генералии СААД Тоҳир Хайруллоев ва намояндагони неруҳои мусаллаҳи кишварҳои узви минтақаи Осиёи Марказӣ дар амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд.

Дар тамринҳо ҳайати низомии кишварҳои узви минтақаи Осиёи Марказии СААД, гурӯҳҳои фаврии ситоди муштарак ва Котиботи СААД ширкат доранд.

Теъдоди умумии ширкаткунандагони тамринҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 1000 нафарро ташкил дода, ба он беш аз 300 воҳиди техникаи низомӣ ва вижа, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷалб карда шудаанд.

Зикр гардид, ки вазифаҳои асосии Неруҳои зудамали дастҷамъонаи минтақаи Осиёи Марказӣ ширкат дар рафъи таҷовузи ҳарбии берунӣ ва гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористӣ маҳсуб мешаванд.

Иҷрои вазифаҳои мазкур дар шакли иҷрои нақшаи ягона ва амалиёти муштараки низомию махсус, амалиёти ҷангии Неруҳои зудамали дастҷамъонаи минтақаи Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешавад.

АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ

Октябрь 18, 2022 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд