САҲМИ ХУДРО ДАР СОХТМОНИ АСР БИГЗОР! Неругоҳи «Роғун» омода аст беш аз 2,6 ҳазор нафарро бо кор таъмин намояд

Октябрь 1, 2022 13:13

ДУШАНБЕ, 01.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 2,6 ҳазор нафар метавонанд дар ширкатҳое, ки дар НБО «Роғун» фаъолият мекунанд, соҳиби ҷойи кор шаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар доданд.  

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода дар доираи ярмаркаи ҷойи кор бо роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ вохӯрда, бо онҳо масъалаҳои фиристодани мутахассисон ба НБО «Роғун», музди меҳнати онҳо ва дигар масоили ба ин мавзуъ  алоқамандро баррасӣ намуд.

Ҷойҳои кориро якбора 7 ширкати гуногуни Тоҷикистон пешниҳод кардаанд:

«Тоҷикгидроэлектромантаж»;

«Нақби Садди Ориёно»;

«Фарроб»;

«Нуроб-Сохтмон»;

«Сохтмони асосӣ»;

«Элитстрой»;

«Заводи озмоишӣ-механикии Норак»;

Тибқи иттилои вазорат, ҳамаи он ширкатҳое, ки дар ин тарҳи муҳими энергетикӣ кор мекунанд, ҳазорон ҷойи корро бо маоши аз 2700 то 4100 сомонӣ пешниҳод мекунанд. Ба ғайр аз ин нафароне, ки ба сохтмон ба кор меоянд, бо се вақт хӯрок ва хобгоҳ таъмин карда мешаванд. Ва муҳимтар аз ҳама- имкон пайдо мекунанд, ки саҳми худро дар сохтмони бузург ва лоиҳаи таърихӣ- НОБ-и «Роғун», ки ба гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «ояндаи Тоҷикистон аз он вобаста аст», гузоранд.

Ширин Амонзода зимни мулоқот зарурати аз нав дидани механизми ҷалби коргарон ба сохтмони НБО – и «Роғун», аз ҷумла тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ, ҷалби ташкилотчигии коргарон ва ғайраро зикр намуд.

Ҳоло ҳамаи нафароне, ки мехоҳанд ҷои кор пайдо кунанд, метавонанд аз ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ, ки ҳар ҳафта дар шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд, дидан намоянд ва ё бевосита ба ҶСК «НБО Роғун» муроҷиат кунанд.

Баъд аз пурра ба итмом расидани сохтмон НБО «Роғун» ба бузургтарин неругоҳи барқи обии Осиёи Марказӣ табдил меёбад, ки иқтидори он (3600 МВт) ба се агрегати неругоҳҳои атомӣ баробар хоҳад шуд.

                                               Акс:  SPUTNIK / STAS ETVESH

Октябрь 1, 2022 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад