Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли микросементро дар назди ҶСП «Заводи таҷрибавии механикӣ» дар шаҳри Норак мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Октябрь 24, 2022 10:48

ДУШАНБЕ, 24.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак коргоҳи истеҳсоли микросементро, ки дар назди ҶСП “Заводи таҷрибавии механикӣ” сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Коргоҳи истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари ҶСП “Заводи таҷрибавии механикӣ”-и шаҳри Норак Хуҷамурод Азимов сохта шудааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи феврали соли 2022 оғоз ёфта, масоҳати иншоот 9 ҳазору 877 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як рӯз 45 тонна ва дар як сол 160 ҳазор тонна микросементро ташкил медиҳад.

Коргарон сокинони маҳаллӣ мебошанд, ки маоши онҳо аз 2000 то 2500 сомониро ташкил медиҳад. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии коргоҳ 70 нафар бинокор ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намудаанд, ки бо маоши хуб таъмин будаанд.

Хати технологии коргоҳи нави истеҳсоли микросемент аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, тавассути он тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯи замони муосир ба роҳ монда шудааст.

Баъди ба истифода супоридани коргоҳи нав зиёда аз 36 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, шумораи коргарону мутахассисон дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Заводи таҷрибавии механикӣ” ба зиёда аз 1500 нафар баробар гардид.

Коргоҳ дорои озмоишгоҳи махсус мебошад, ки дар он мутахассисон тариқи таҷҳизоти ҳозиразамон сифати маҳсулотро дақиқ муайян менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти коргоҳ ва маҳсулоти истеҳсолии он, ки бо дастгоҳи муосири рақамии компютерӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, шинос шуда, ба масъулон ҷиҳати нигоҳ доштани сифатнокии маҳсулот дастуру супориш доданд.
Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли микросемент дар назди ҶСП “Заводи таҷрибавии механикӣ” - и шаҳри Норак 24.10.2022

Октябрь 24, 2022 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд