ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, сешанбе, 298 — умин рӯзи соли 2022 аст

Октябрь 25, 2022 08:00

10 сол пеш, 25 октябри соли 2012 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари расмии худ ба Хадамоти геологии Финландия ташриф оварда, бо таъриху таҷрибаи ғанӣ ва дастовардҳои илмию амалии он аз наздик шинос шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Минск-пойтахти Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

25 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии муборизаи занон ба хотири сулҳ.

***

Рӯзи гумрукчиён дар Федератсияи Россия.

РӮЙДОДҲО:

25 октябри соли 1933 дар шаҳри Душанбе аввалин фабрикаи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуд.

***

61  сол муқаддам, 25 октябри соли 1961 унвони «Шоири (нависандаи) халқии Тоҷикистон» таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1963 қисми аввали китоби «Таърихи халқи тоҷик», ки аз ҷониби Институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон омода шуда буд, ба нашр расид.

***

25 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 15-уми  Шӯрои машваратӣ  оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони  кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ доир шуд.

***

25 октябри соли 1990 аввалин барномаи телевизионии «Поле чудес»- и Влад Листев пахш гардид.

***

12 сол қабл, 25 октябри соли 2009 дар Бағдод калонтарин ҳамлаи террористӣ сурат гирифт, ки дар натиҷаи он 160 нафар ҳалок шуданд.

***

25 октябри соли 1976 дар шаҳри Лондон аввалин Театри миллии шоҳӣ кушода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба  унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати манъи истифодаи оинаҳои сиёҳшиша дар воситаҳои  нақлиётии муассисаву корхонаҳое, ки сарфи назар аз шакли моликияташон дар пойтахт ба мусофиркашонӣ машғул мебошанд, пешниҳод манзур намуд.

***

Соли 2001 системаи Microsoft Windows XP ба истифода дода шуд.

Октябрь 25, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш